Фурӯди ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Айнал -Асади Ироқ
(last modified Thu, 17 Aug 2023 06:05:36 GMT )
Август 17, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Фурӯди ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Айнал -Асади Ироқ
    Фурӯди ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Айнал -Асади Ироқ

Як манбаъи амниятии огоҳ эълом кард, даҳҳо ҳавопаймои бузурги амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Айнал -Асад дар ғарби Ал-Алнбори Ироқ фурӯд омад.

Пойгоҳи Айнал-Асад пас аз пойгоҳи ҳавоии "Балад" дуввумин пойгоҳи бузуриги артиши Амрико дар Ироқ маҳсуб мешавад, ки дар минтақаи  «Албағдодӣ» дар остонаи Ал-Анбор воқеъ шудааст, ки дар соли 2003 ба ишғоли Амрико даромад ва ҳамчунон дар ихтиёри ин кишвар қарор дорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Маълума, як манбаъи амнияти гуфт: Даҳҳо ҳавопаймои бузурги Амрикоӣ, мухтаси интиқоли нерӯҳои размӣ ва таҷҳизоти ҷангӣ дар пойгоҳи Айнал-Асад дар ноҳияи Албағдодӣ воқеъ дар   ғарби Ал-Анбори Ироқ фурӯд омаданд.

Ин манбаъи амнияти афзӯд. пойгоҳи Айнал-Асад аз солҳо қабл шоҳиди чунин таҳрикоте барои фурӯди ҳавопаймоҳо набуд ва ин амр нишонгари вуҷӯди як иқдоми низоие аст, ки шояд нерӯҳои амрикоӣ тайи рӯзҳои оянда даст ба он бизананд.

Ба гуфтаи ин манбаъи амниятӣ: Ҷангандаҳои амрикоӣ ба сурати густарда бар фарози ин пойгоҳ ба парвоз даромаданд то ҳимояти амниятиро аз он ҳавопаймоҳо ба амал оваранд.