Август 17, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Амалкарди Сипоҳ ифтихоромез аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пайдоиш, рушду боландагӣ ва буҳроншиканӣ ва амалкарди Сипоҳро дар бахшҳои низомӣ,мардумӣ, хадамотӣ ва созандагӣ беназир ва ифтихоромез хонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонаҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар дидори ширкаткунандагон дар бисту чаҳорумин маҷмаъи олии фармондеҳону масъӯлони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтанд : Ҳеҷ маҷмӯъаи низомӣ бо ин андоза аз саломати маънавӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ вуҷуд надоштааст.
Эшон бо ишора ба истимрори рушду зойишу истеҳкоми дарунии Сипоҳ афзуданд : Ин маҷмӯъа акнун ба конӯни азиму комилани муҷаҳҳаз ва бузургтарин созмони зиддитеррористии ҷаҳон табдил шуда, ки бисёре аз артишҳои бузурги ҷаҳон аз анҷом додани иқдомоте шабеҳи фаъолиятҳои он нотавон ҳастанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ коҳишу адами такрори ҷумлаи « гузинаи низомӣ рӯйи миз аст »-ро ношӣ аз қудрати боздорандагӣ ва тавонмандиҳои Сипоҳ донистанд ва гуфтанд : Ҳама медонанд ин ҷумла дигар сабук, бемаъно ва беарзиш шудааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд : Амалкардҳову ҷаззобиятҳои Сипоҳ дар абъоди мухталиф душманро нигарон ва ночор кардааст бо дуруғу шойиъа ва ҳаёҳӯи пуч ба тахриба Сипоҳ бипардозад .Эшон дар идома афзуданд : Низоми исломӣ ҳарфи ҳар кишваре валав ғайриҳамфикрро, ки бигӯяд қасди муъориза надорад қабул мекунад, аммо агар мутаваҷҷеҳи ҳилагарӣ ва дуруғгӯйӣ ва омодагии тарафи муқобил барои ханҷар аз пушт задан шуд, ҳаргиз қабул намекунад ва дар муқобили паймоншиканӣ низ муқобилаи ба мисл мекунад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ як иллати муҳими дигари хусуматҳо бо низоми исломиро улгӯ шудану пешгомӣ ва пешронии Ҷумҳурии исломӣ барои ҳаракатҳои муқовиматӣ дар минтақаи ҳассоси ғарби Осиё хонданд ва гуфтанд : Агар Ҷумҳурии исломӣ улгӯ намешуд, ин душманиҳо камтар буд.
Эшон бо муқоисаи замингир шудани артишҳои муҷаҳҳази се кишвари арабӣ дар муқобили режими ҳақири саҳюнистӣ дар солҳои қабл аз пирӯзии Инқилоб хотирнишон карданд : Баъд аз Инқилоби исломӣ кор ба ҷое расид, ки ҳамин режим 33 рӯз талош кард Ҳизбуллоҳи Лубнонро шикаст диҳад, аммо натавонист ва бо фазоҳат маҷбур ба фирор шуд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд : Имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва дар минтақаи ғарби руди Урдун ҷавонҳо ба гӯнае ҳаракат ва ҳамла мекунанд, ки режими саҳюнистиро оҷиз кардаанд .
Эшон омили аслии тарроҳӣ ва буҳронсозиро дастгоҳҳои ҷосӯсии СИА,Мосссад ва МИ 6-и Англия донистанд ва афзуданд : Албатта онҳо подавҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва аносири ғарбргаро ва бетавваҷуҳро ҳам ба кор мегиранд, аммо аслу сари қазия  сервисҳои ҷосӯсӣ аст.

 

Барчасп