Рутбаи сеюми тими нуҷӯми Эрон дар олимпиадаи ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106512-Рутбаи_сеюми_тими_нуҷӯми_Эрон_дар_олимпиадаи_ҷаҳонӣ
Тими олимпиадаи нуҷӯми Эрон дар шонздаҳумин олимпиадаи байналмилалии нуҷӯм ва ахтар физик рутбаи сеюмро аз они худ кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 21, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи сеюми тими нуҷӯми Эрон дар олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тими олимпиадаи нуҷӯми Эрон дар шонздаҳумин олимпиадаи байналмилалии нуҷӯм ва ахтар физик рутбаи сеюмро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, тими олимпиадаи нуҷӯми Эрон дар шонздаҳумин Олимпиадаи байналмилалии нуҷӯму ахтар физики IOAA дар Полша, бо касби се медоли тилло ва ду медоли нуқра баъд аз кишварҳои Англия ва Ҳинд муваффақ ба касби рутбаи сеюми ҷаҳон шуд.

Баъд аз Эрон кишварҳои Амрико, Бразилия ва Булғористон, Руминия, Олмон ва Канада дар рутбаҳои чаҳорум то даҳум қарор гирифтанд.

Ин мусобиқот дар се марҳалаи теорӣ, расад ва таҳлили додаҳои нуҷӯмӣ ба муддати 10 рӯз ва бо ҳузури 52 кишвар аз сар то сар баргузор шуд.