Генерал Саломӣ: Санъати дифоъи Эрон зеҳнияти пештозии душманро шикаста аст
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паёми зимни гиромидошти рузи санъати дифоъи Эрон таъкид кард санъати дифоъи Эрон зеҳнияти пештозии душманро шикаста аст.
Дар тақвими миллии Эрон 31 мурдод моҳ ба унвони рузи саноъати дифоъи кишвар номгузори шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Ҳусейни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паёми ба генерал Муҳаммадризо Қароӣ Оштиёни вазири дифоъи кишвар навишт арсаи санъати дифоъи Эрон ҳунармандона зеҳнияти душманоне, ки худро пешгом ва якатози илму фановарии низомӣ тасавур мекарданд шикаст ва имруз онҳоро тамошогра бинои қудратманди нопайдо ва беинтиҳои эрониён он ҳам дар шароити таҳрим ва таҳдид қарор дода аст.
Генерал Саломӣ бо баёни ин ки тавтеаҳо ва таҳдидҳои хатарсози душман барои миллати Эрон дар неруҳои мусаллаҳ фурсатсоз шуд афзуд: Санъати дифоъи бо гусастани занҷираи мухотирот ва шукуфоӣ истеъдодҳо афзоиши нархи рушд ва диртифои тавлиди қудрати низомӣ дар кишвар аз як су мояи иззат, ифтихор ва иқтидори миллӣ ва аз суи дигар сабаби ҳарос ва ваҳшати бадхоҳони Эрони исломӣ шуд.