Таҷдиди мисоқи раиси ҷумҳури ва аъзои давлат бо ормонҳои имом Хумайнӣ(р)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106540-Таҷдиди_мисоқи_раиси_ҷумҳури_ва_аъзои_давлат_бо_ормонҳои_имом_Хумайнӣ(р)
Раиси ҷумҳури ва аъзои ҳайати давлати Эрон дар остонаи ҳафтаи давлат бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ(р) бо ормонҳои бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷдиди мисоқ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Таҷдиди мисоқи раиси ҷумҳури ва аъзои давлат бо ормонҳои имом Хумайнӣ(р)
    Таҷдиди мисоқи раиси ҷумҳури ва аъзои давлат бо ормонҳои имом Хумайнӣ(р)

Раиси ҷумҳури ва аъзои ҳайати давлати Эрон дар остонаи ҳафтаи давлат бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ(р) бо ормонҳои бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷдиди мисоқ карданд.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси ҷумҳури ва аъзои ҳайати давлати Эрон имруз сешанбе дар остонаи ҳафтаи давлат бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ормонҳои имом Хумайнӣ(р) ва инқилоби исломӣ таҷдиди мисоқ карданд.

Пас аз адои эҳтироми аъзои давлат раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи ҳозирон суханрони кард.

Паҷншанбе 24 августи соли 2023 оғози ҳафтаи давлат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Муҳаммадали Раҷоӣ раиси ҷумҳури ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар нахуствазири Эрон соли 1981 дар инфиҷори террористии дафтари нахуствазир ба дасти унсурҳои гуруҳаки террористии мунофиқин ба шаҳодат расиданд.