Август 23, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Рунамоӣ аз паҳподи Муҳоҷири 10, ифтихори дигар аз санъати дифоъии Эрон
    Таҳлил: Рунамоӣ аз паҳподи Муҳоҷири 10, ифтихори дигар аз санъати дифоъии Эрон

Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон ба муносибати рӯзи «Санъати дифоъӣ» зимни боздид аз намоишгоҳи охарин дастовардҳои саноъеи дифоъи кишвар, аз паҳподи «Муҳоҷир 10» бо собиқаи мудовимати парвози 14 соат дар иртиқоъи 7 ҳазор метри ва бо шуъоъи амалиётии 2 ҳазор киламетри рунамоӣ кард.

Бештарин зарфияти сухти паҳбоди «Муҳоҷир 10» 450 летр ва бештарин вазни маҳлулаи он 300 килаграм аст. Ҳадди аксари суръати ин паҳпод 210 киламетр бар соат аст. Қобилияти ҳамли анвоъи муҳимот ва бомбҳои Қоим, Алмос ва Даствораро доро буда ва муҷҷаҳаз ба сомонаҳои ҷанги электроник ва ашрофи иттилоотӣ аст.

Яке аз дастовардҳои бузург ва таҳсинбарангези саноеъи дифоъи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дастёбӣ ба дониши тарроҳӣ ва сохти паҳподҳои пешрафтааст, ба наҳве, ки Эрон акнун ҷузви қудратҳои раддаи болои паҳподи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Барномаи паҳподии Эрон, ки аз даҳҳаи 1980 оғоз шуд, бо пешрафтҳои рӯзафзӯн ва бо ҳадафи иртиқои Новгони иттилоотӣ ва албатта таҷасусӣ ва шиносоӣ ва тавонмандсозии паҳподҳо ба манзури иҷрои ҳамалоти  ҳавоӣ, идома ёфтааст. Таҷорӯби ҷангҳо ва даргириҳои низомии солҳои ахир нишон додааст, ки паҳподҳо метавонанд нақши сарнавиштсоз дар таъини натиҷаи ҷангҳо ифо кунанд. Бар ҳамин асос мутахасисони низомии Эрон ҳамвора дар пайи истифода аз паҳподҳо барои ифои маъмуриятҳои мутафовит аммо дар қолаби як платформ аз маҳсули нисбатан як шакл будаанд то илова бар коҳиши ҳазинаҳои тарроҳӣ ва сохт, имкони тағири корбурдии паҳпод дар замони кутоҳ ва бо таваҷҷӯҳ ба ниёзи воҳиди амалиётӣ фароҳам шавад.

Ба ҳимати мутахасисони эронӣ дар нерӯҳои мусалаҳ, акнун Эрон аз назари тавлидоти низомӣ ва сохти таҷҳизот барои муқобила бо ҳар навъ ҷанги низомӣ ба худкифоӣ расида ва беш аз 90 дарсади таҷҳизоти мавриди ниёзи саноеъи дифоъӣ дар дохили кишвар сохта мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз ҳамон моҳҳои нахусти пас аз инқилоби исломӣ таҳрими таслиҳоти буд ва дар солҳои ахир бар шиддати ин таҳримҳо низ афзӯда шудааст. Тавлид ва тавсиъаи паҳподҳои бумӣ монанди Қосид. Шоҳид, Симурғ, Муҳоҷир, тавлид ва тавсиъаи мушакҳои болестик ва Куруз монанди Қадр, Сиҷил, Фотеҳ, Қоим ва Фатоҳ, тавлид ва тавсаи ҳавопаймоҳои ҷанганда ва шиносои монанди Кавсар, Озарахш, Соиқеъ ва Ёсин, тавлид ва тавсиъаи зердарёҳо ва киштиҳои ҷангӣ монанди Фотеҳ, Ҷаморон ва Дамованд ва ҳамчунин сохти силоҳҳои родоргурез, намунаҳоие аз пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи фанновариҳи низомӣ тайи солҳои ахир маҳсуб мешавад.

Бадеҳи аст, дастовардҳои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар саноеъи дифоъӣ ҳамонанди ончӣ имрӯз шоҳиди он будем яъне рӯнамои аз паҳподи Муҳоҷир 10 ин паёмро барои душманон ба ҳамроҳ дорад. ки талоши онҳо барои мамонеъат аз пешрафти санъати низомӣ ва тақвияти қудрати дифоъи Эрон маҳкум ба шикаст аст ва ҳеч қудрате наметавонад Эронро мутавақиф ва ё маҳдуд кунад.

Акнун омодагии густардаи низомӣ ва дифоъии Эрон дар тамоми сутуҳ яъне заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ ба гунае аст, ки душманонро ҳарчӣ бештар бимнок кардааст. Дар ҳамин пайванд, шабакаи Алмаёдин ахиранд дар гузорише эълом кард режими саҳюнистӣ бештар аз ҳама тарафҳо аз густариши қудрати низомии Эрон ҳаррос дорад ва масъулони низомӣ ва сиёси ин режим ба таври аланӣ нисбат ба афзоиши қудрати низомии Эрон ибрози нигаронӣ мекунанд.

Мақоми муаззами Раҳбарӣ борҳо бар лузуми иқтидори дифоъи такид ва онро барои ҷилавгирӣ аз таҳдидот ва ҳамчунин ҳифзи амнияти кишвар зарӯрӣ донистанд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар яке аз баёноташон таъкид карданд: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон қасди оғози ҷанг бо касеро надорад аммо бояд ончунон тавоноиҳои худро афзоиш диҳад то душман  натанҳо аз ҳамла ба Эрон  бимнок ва ҳарросон бошад балки ба баракати ҳамбастагӣ, иқтидор ва ҳузӯр  муассири нерӯҳои мусалаҳ дар майдон, сояи таҳдид низ аз сари миллати Эрон дӯр шавад.