Мусобиқоти ҷаҳонии нобиноён, медали таллои минҳои 73 килаграми ҷуду барои намояндаи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106582-Мусобиқоти_ҷаҳонии_нобиноён_медали_таллои_минҳои_73_килаграми_ҷуду_барои_намояндаи_Эрон
Ҷудукори вазни минҳои 73 килаграми Эрон ба медали таллои мусобиқоти ҷаҳонии нобиноён дар Бирмангом расид.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 24, 2023 10:23 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти ҷаҳонии нобиноён, медали таллои минҳои 73 килаграми ҷуду барои намояндаи Эрон
    Мусобиқоти ҷаҳонии нобиноён, медали таллои минҳои 73 килаграми ҷуду барои намояндаи Эрон

Ҷудукори вазни минҳои 73 килаграми Эрон ба медали таллои мусобиқоти ҷаҳонии нобиноён дар Бирмангом расид.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи  хабаргузории Эрон Пресс,«Ваҳид Ҷиддӣ» Партугалия, Гурҷистон ва Қазоқистонро муқтадирона мағлуб кард ва роҳии дидори ниҳоӣ шуд.

Ҷиддӣ дар мусобиқаи финал ҷудукори матраҳи Узбекистонро дар фосилаи 37 сония ба поён расонд ва соҳиби гардановези зарини талло шуд.

Мусобиқоти нобиноёни қаҳрамони ҷаҳон дар риштаҳои мухталиф дар шаҳри Бирменгоми Инглис дар ҳоли баргузори аст.

Намояндагони Эрон дар риштаҳои голбол, футболи панҷ нафар, ҷудуи нобиноён ва камбиноён ва поварлифтинг дар ин давра аз мусобиқот ҳузӯр доранд.