Август 25, 2023 15:56 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : БРИКС нақши муҳимме дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ҷаҳон дорад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Эътилофи ҷаҳонии БРИКС нақши бисёре дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар ҷаҳон дорад.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар оғози вуруд ба Теҳрон пас аз сафари фишурдаи корӣ ба Африқои ҷанӯбӣ барои ширкат дар понздаҳумин иҷлоси сарони БРИКС дар ташреҳи дастовардҳои ин сафар афзуд : БРИКС дар шимоли Африқову Африқои ҷанубӣ ва Осиё ва Амрикои лотин аъзои қобили таваҷҷӯҳе дорад. Дар понздаҳумин нишасти " БРИКС " дар Иёхонесбурги Африқои ҷанубӣ пазириши узвияти Эрон дар ин гуруҳи муҳиму қудратманди байналмилалӣ пазируфта шуд . БРИКС ( BRICS ) номи гуруҳе ба раҳбарии қудратҳои навзуҳӯри иқтисодӣ аст, ки аз ба ҳам пайвастани ҳурӯфи аввали номи англисии кишварҳои Бразилия,Русияиндин ва Африқои ҷанубӣ дар даврони авҷи якҷонибагароии Амрико дар авосити даҳаи 1990 милодӣ ташкил шуд . Муҳимтарин шохиса дар ин гуруҳ коркардҳои иқтисодӣ,молӣ ва пӯлӣ ва ҳамчунин густараи фароминтақаӣ ва ҷаҳонӣ будани аъзо ва асаргузории он буда, ки ба гуруҳи " қудратҳои иқтисодии навзуҳӯр " маъруф аст.

 

Барчасп