Август 26, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини гусели зоирони арбаъин дар Теҳрон

Майдони Озодии Теҳрон ҷумъашаб мизбони таҷаммуъи арбаъиниҳо буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, таҷаммуъи арбаъиниҳо дар миёни ҷамъи анбӯҳи мардуме баргузор шуд, ки аз манотиқи мухталифи Теҳрон худро ба майдони Озодӣ расонданд, то ишқу иродати худ ба Имом Ҳусайн ( а )-ро иброз кунанд .
Ин маросим, ки бо суханронӣ ва маддоҳӣ дар расои Имом Ҳусайн (а) ҳамроҳ буд, ҳолу ҳавои маънавии хосе дошт.
Чиҳилумин рӯзи пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн ( а )-ро, ки бо 20 сафар мусодиф аст, арбаъин мегӯянд.
Ин рӯз ба ин далел машҳур аст, ки асирони Карбало рӯзи 20 сафари соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар бозгашт аз Шом барои зиёрати мадфани Имом Ҳусайн ( а ) ба Карбало рафтаанд .
Аз аъмоли хоси ин рӯз зиёрати Имом Ҳусайн ( а ) аст, ки мусулмонон аз чанд рӯз қабл бо пои пиёдаи худро ба Карбало мерасонанд.

 

Барчасп