Таъкид бар иҷрои аҳдномаи Ҳирманд дар бораи ҳақобаи Эрон
(last modified Sun, 27 Aug 2023 06:31:45 GMT )
Август 27, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар иҷрои аҳдномаи Ҳирманд дар бораи ҳақобаи Эрон
    Таъкид бар иҷрои аҳдномаи Ҳирманд дар бораи ҳақобаи Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон бар иҷрои аҳдномаи Ҳирманд бо таваҷҷуҳ ба боздиди ахири ҳайати фаннии Эрон аз Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефони Амирхони Муттақи сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон зимни таъкиди муҷадад бар ҳақобаи Эрон аз Ҳирманд гуфт боздиди ахири ҳайати фаннии Эрон аз Афғонистон бар мабнои аҳдномаи 1972 Ҳирманд кумак мекунад, ки шафофияти бештареро мушоҳида кард.

Амирабдуллоҳиён дар идома бо ишора ба озодии хабарнигори эронӣ ҳаллуфасли бархе мавзуъоти матруҳаи қаблиро хостор шуд.

Амирхони Муттақи сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон низ дар ин гуфтугу зимни ташакур ва қадрдони аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Талошҳо барои ҳалли бархе мушкилот дар ҷараён аст.

Сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон ҳамчунин зимни даъват аз Амирабдуллоҳиён барои сафар ба Кобул равобити Кобул ва Теҳронро мубтани бар ҳамсояги ва бародари донист.