Раисӣ: Эрон содиркунандаи хадамоти фанни ва муҳандиси дар арсаи энержи аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими оғози тавлиди газ аз фози 11 майдони муштараки порси ҷануби таъкид кард: Эрон содиркунандаи хадамоти фанни ва муҳандиси дар арсаи энержи аст.
Бо ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз душанбе дар Асалуия фози 11 порси ҷануби тарҳи метонул ва петрушимии ҳангом ба баҳрабардори расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз дар маросими оғози тавлиди газ аз фози 11 майдони муштараки порси ҷануби дар Аслуия роҳандозии ин фозро иқдоми бузург ва мондгор дар бахши саноъати нефту гази кишвар донист.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Иҷрои ин тарҳ аз суи мутахассисони тавонманди дохили дар ҳоли сурат гирифт, ки ширкатҳои хориҷӣ тарафи қарордод барои иҷрои он ба баҳонаи таҳрим таъаҳудоти худро раҳо карда буданд ва кишвар таҳти шадидтарин таҳримҳо қарор дошт.
Раиси ҷумҳур бо ишора ба ин ки тавлиди 7 миллион метри мукаъаби ин фоз то беш аз 50 миллион метри мукаъаб афзоиш хоҳад ёфт таъкид кард: Имруз иқдомот ва тарҳҳои бахши нефту газ ва ба таври кулли энержи дар кишвар бо ангезаи боло дунбол мешавад.