Август 29, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эрон дар пайи ҷонбохтани ҷамъи аз шаҳрвандони тоҷик дар асари селоб
    Таслияти Эрон дар пайи ҷонбохтани ҷамъи аз шаҳрвандони тоҷик дар асари селоб

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҷон бохтани теъдоди аз шаҳрвандони тоҷикистони дар борандагиҳои сели бисёрро ба давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таслияти ҷонбохтани аз шаҳрвандони кишвари дусту бародари Тоҷикистон дар борандагиҳои селоби бисёр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат бо хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодисаи талхи табиъи ибрози ҳамдарди ва барои осебдидагон беҳбуд ва саломати масъалат кард.

" Алиризо Ҳақиқиён " сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар паёмӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи ин кишвар ҷон бохтани теъдодӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаи борандагиҳои шадид дар шаҳрҳои душанбеу ваҳдатро давлату миллати Тоҷикистон таслият гуфт . Ҳақиқӣон дар паёми худ зимни ибрози ҳамдарӣ бо хониводаҳои ҷонбохтагон, дар гузашти эшонро ба вазири хориҷа,  давлату миллати азизи кишвари дӯсту бародар, Тоҷикистон таслият гуфтааст .

Бар асаи бориши шадиди борон ва сели рузи якшанбе 13 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва Рудакии Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Бориши зиёди борон рузи якшанбе ҳамчунин ба бахшҳои аз ҷодаи Душанбе-Хуҷанд осеби ҷидди ворид кард рониши замин ва резиши санг эҷод шуд.