Август 29, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии  Эрон:  Кишварҳои ғарбиҳо мизи музокиротро тарк карданд
    Раиси Ҷумҳурии Исломии  Эрон:  Кишварҳои ғарбиҳо мизи музокиротро тарк карданд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Кишварҳои ғарби мизи музокираро такр карданд ва бо ҳимоят аз иғтишошгарон дар садади расина ба аҳдофашон буданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе дар нишасти хабари ба муносибати ҳафтаи давлат бо ишора ба иқдомоти душмани зидди Эрон афзуд: Душман ду роҳбурди мунзави кардани Эрони исломӣ дар ҷаҳон ва маъюс кардани мардуми дохили Эронро дунбол мекард.

  • Раисӣ бо баёни ин ки душман дар мунзави кардани Эрон шикаст хурд таъкид кард: Мавзуъи Барҷом на аввалин парвандаи мавриди пайгири ва на охирини он аст зимни ин ки сатҳи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории Эрон бо кишварҳои ҳамося ва ҳамсу бисёр мутафовит шуда аст ва шакле ки дар равобити иқтисдӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамося рушди 14 дарсадиро шоҳид ҳастед.
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Дар иртибототи тиҷорӣ давлати сездаҳум рекор зад ва бо зарфиятҳои бисёре, ки дар кишвар вуҷуд дорад иртиботот бо Амрикои Лотин, Африқо ва бисёри аз кишварҳои осёӣ афзоиш ёфта ва узвият дар Иттиҳодияи Авруосиё, узвият дар Шанхай ва ахиран узвият дар БРИКС нишон дод, ки Эрони исломӣ зарфият ва ҷойгоҳ дорад ва душман дар роҳбурди мунзави кардани Эрони исломӣ мувафақ нашуда аст.
  • Раисӣ гуфт: Иртибот бо кишварҳои исломӣ низ ки дучори вақфа шуда буд пайгири ва сатҳи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои ҳамсу низ бисёр мутафовит шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Вазъияти сиёсӣ ва тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон нишонгари он аст ки душман дар мунзави кардани Ҷумҳурии Исломи Эрон мувафақ набуда ва дар ҳавзаи ноамнкардан ва маъюс кардани мардум ҳам бо шикасти сангини ру ба ру шуда аст.

Раисӣ бо баёни ин ки дар БарҶом амрикоиҳо ва аврупоиҳо ба таъаҳудоти худ амал накарданд ва фақат Эрон ба таъаҳудоти худ амал кард ва ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ 15 бор эълом кард, ки Эрон инҳирофи дар барномаи ҳастаӣ худ надошта аст таъкид кард: БарҶом мавзуъи комилан сиёсӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Давлати сездаҳуми Эрон дар музокирот ҳеҷ кутоҳи накард ва таъкид дорад, ки бояд таҳримҳо бардошта шавад то миллати Эрон битавонанд аз фоидаҳои он истифода кунанд, аммо кишварҳои ғарби бо эъмоли таҳримҳо ба дунболи мутавақиф кардани рушд ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.