Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар суботи нархи арз ва рушди тавлид
-
Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар суботи нархи арз ва рушди тавлид
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо раиси ҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат бар суботи нархи арз ва рушди тавлид таъкид карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи чаҳоршанбе дар дидори раиси ҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат бо тақдир ва тамҷид аз амалкарди хуб ва қавии давлат дар бархе бахшҳо таъкид карданд: Тақвияти низоми молиёти, афзоиши маҳсулоти петрушими ва корҳои арзанда дар заминаи нефт ва газ ва роҳандозии чанд ҳазор коргоҳи таътил ё ниматаътил аз дигар иқдомоти қобили тақдири давлат аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор ки дар солрузи шаҳодати шаҳидон Раҷоӣ ва Боҳунар ва ба муносибати ҳафтаи давлат анҷом шуд.
Фаъолиятҳои давлат дар бахши сиёсати хориҷӣ аз ҷумла сиёсати иртибот бо ҳамсоягонро бисёр хуб хонданд ва гуфтанд: Бояд бо ҳеҷ ҳамсояи муноқиша надоштабошем ва агар муноқишаи ҳам ҳаст табдил ба ҳамкори шавад, ки гомҳои дар ин замина бардошта шуд ки бояд идома ёбад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иртибот бо ҳамаи давлатҳое, ки моил ба иртибот бо Эрон ҳастанд ба ҷуз истиснооти маъдудро аз дигар сиёсатҳои дурусти давлати сездаҳум баршумориданду гуфтанд: Узвият дар ду паймони байналмилалӣ низ кор бисёр муҳими буд, ки нишон медиҳад кишвар дар вазъи қарор дорад ки муассисони паймонҳои байналмилалӣ роғиб ва гоҳи мусир ба иртибот бо Эрон ҳастанд ва бар асоси муҳосиботи худ ва бо таваҷҷуҳ ба воқеъиятҳои Эрон иртиботи кишварамонро лозим медонанд.
Ишон ҳадафи асли аз таҳримҳоро маъишати мардум ва гаравгон гирифтани он донистанду гуфтанд: Дар заминаи рафъи таҳримҳо корҳо ва музокироти дар ҳоли анҷом аст, ки дар ҷои худ дуруст ва маҳафуз аст, аммо ба мувозоти он бояд хати хунсо кардани таҳримҳо дунбол шавад, ки муҳимтарин шахиси он коҳиши таварум аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ин нигоҳи ғалат иртиҷоъи ва марбут ба 100 соли пеш аст, ки чанд кишвари аврупоӣ ҳамакораи дунё буданд, аммо имруз бояд он нигоҳи куҳна ва муртаҷеъонаро канор гузошт ва дарк кард, ки иртиботи бо дунё яъне иртибот бо Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Осиё, ки манобеъи азими серватҳои инсонӣ ва табиъӣ ҳастанд зимни ин ки мелоки иртибототи байналмилалӣ, манофеъ ва иззати миллӣ аст ва дар иртиботот ҳам султагари ва ҳам султапазири набояд вуҷуд дошта бошад.