Август 31, 2023 19:33 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Эрон : Эътимоди камназири Раҳбарӣ сармояи бузурге барои давлат аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Эътимоди камназири Раҳбарӣ ва ҳамроҳӣ ва ҳамдилии мардум бо давлат сармояи бузург аст, ки масъӯлияти давлатмардонро зиёд кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрони рӯзи панҷшанбе дар паёме бо қадрдонӣ аз суханон ва раҳнамӯдҳои рӯзи гузаштаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои давлат афзуд : Ходимони миллат баъд аз дидор бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мусаммамтар аз гузашта дар масири ноил омадан ба ормонҳои муқаддаси Инқилоби исломӣ беш аз пеш муҷоҳидат хоҳанд кард .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Раҳнамӯдҳову тавсияҳои ҳакимона ва арзандаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба масобаи чароғи роҳу ироаи роҳбурдҳои амалиётӣ ва иҷрои масири расидан ба аҳдофи мутаъолӣ ва иқдомоти таҳаввулии давлатро равшан ва ҳамвор кард .Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба намояндагӣ аз аъзои давлат бори дигар аз лутфу анояти тавъам бо тамҷиду ироаи насоеҳ ва раҳнамӯдҳои мудаббиронаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ қадрдонӣ кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори аъзои ҳайати давлат аз амалкарди хубу қавии давлати сездаҳум дар бархе бахшҳо аз ҷумла " корҳои зербиноӣ ", " рушди шохисҳои калони иқтисодӣ " ва " сиёсати хориҷӣ " қадрдонӣ ва тамҷид карданд.  

 

 

Барчасп