Сентябр 02, 2023 14:12 Asia/Dushanbe
  • Касби медали тиллову нуқраи варзишкорони эронӣ дар мусобиқоти ҷоизаи бузурги Порис

Дидори поёнии вазни - 58 килограми рақобатҳои ҷоизаи бузурги Порис байни ду намояндаи Эрон баргузор нашуд, то ду медали тиллову нуқра ба Эрон бирасад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзи нахусти мусобиқоти таеквандои ҷоизаи бузурги 2023 Порис дируз ҷумъа бо як медали тилло, як нуқра ва як бринҷӣ барои тими Эрон ба поён расид.
Дар гуруҳи мардон Меҳдии Ҳоҷимусоӣ ва Абулфазли Зандӣ бо шикаст додани тамомии руқабои худ ба дидори поёнии вазни 58 - килограм роҳ ёфтанд, ки бо тасмими кодри фании Эрон дидори ниҳоӣ баргузор нашуд ва Ҳоҷимусоӣ ба нишони тилло даст ёфту Зандӣ ба медали нуқра расид.
Абулфазли Зандӣ низ роҳии муборизаи ниҳоӣ шуд .
Дар гуруҳи бонувон низ Мубино Неъматзода, намояндаи вазни 49 - килограми Эрон ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва дар ин марҳила бо шикаст аз ҳарифи испанияӣ ба нишони биринҷӣ расид.
Ноҳиди Киёнӣ,миллипӯши вазни 57 - килограм низ дар ҳамон дидори нахуст натиҷаро 2 бар сифр ба намояндаи Тунис вогузор кард ва аз даври мусобиқот хориҷ шуд.
 

 

Барчасп