Таҳлил: Таъкиди Эрон ва Туркия бар густариши равобити дуҷониба ва минтақаӣ
(last modified Mon, 04 Sep 2023 10:02:02 GMT )
Сентябр 04, 2023 15:02 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Эрон ва Туркия бар густариши равобити дуҷониба ва минтақаӣ
    Таҳлил: Таъкиди Эрон ва Туркия бар густариши равобити дуҷониба ва минтақаӣ

Вазири умри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳакан Фидан, вазири умури хориҷаи Туркия дар Теҳрон дидор ва бар густариши равобити дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.

Ҳакан Фидан вазири умури хориҷаи Туркия имрӯз 3 сентябр вориди Теҳрон шуд. Ин нахустин сафари Ҳакан Фидан ба Теҳрон пас аз интихоби вай ба унвони вазири хориҷаи Туркия аст. Сафари Фидан ба Теҳрон ҳоизи аҳамияти зиёде аст. Ин аҳамият дар дараҷаи нахуст ноши аз ҷойгоҳ ва вазни Эрон ва Туркия дар ҷаҳони силом ва минтақаи Ғарби Осиё ва дар дарҷаи дуввум ноши аз муҷовирати ҷуғрофии дукишвар аст.

Эрон ва Туркия аз қудратҳои аслии ҷаҳони ислом ва минтақаи Ғарби Осиё ҳастанд ва навъи нигоҳи ин дукишвар ба таҳавулоти ҷаҳони ислом ва  минтақа, таъсири зиёде бар ин таҳавулот дорад. Дар ҳамин росто, Ҳакан Фидан дар нишасти хабари муштарак бо ҳамтои эронии худ гуфт Эрон ва Туркия дукишвари қудратманеди минтақа ҳастанд ва масъулияти мо ин аст, ки сулҳ ва суботро дар минтақа ҳоким кунем.

Туркия ва Эрон дар вокуниш ба ислом ҳароси, ки ба хусус ахиран дар бархе аз кишвраҳои аврупоӣ шиддат гирфтааст. Мавзуъи муҳкаме иттихоз карданд. Мавзеъи муштараки Эрон ва Туркия  яке аз далоиле аст, ки сабаби шуд кишварҳои Донморк ва Суид дар муқобили иҳонат ба Қуръон дар ин кишварҳо мавзеъи ҷиддитаре бигиранд ва дар ҷиҳати тавқифи иҳонат ба Қуръони Карим иқдомоти муассир анҷом диҳанд. Ҳакан Фидан низ дар нишасти хабарии муштарак   Амирабдуллоҳиён ба ин мавзӯъ ишора кард ва бо баёни ин, ки дар хусуси ислом ҳароси бо ҳамтои эронии худ гуфтугӯ кардам, изҳор дошт: Дар давраҳои ахир ба вижа  дар Аврупо алайҳи арзишҳои исломӣ ва кутуби муқаддаси мо Қуръон ҳамлоте ба сурати огоҳона сурат мегирад. Дар ин хусус ва иқдомоте, ки Созмони Ҳамкори  Исломӣ метавонад сурат диҳад, гуфтугӯ кардем.

Илова бар мавзуъоти зикр шуда, Анкара ва Теҳрон бар тақвияти равобити иқтисодӣ низ таъкид доранд, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар нишасти хабарӣ бо Фиддан унвон кард «ҳадафгузории ҳаҷми табодулоти иқтисодии дукишвар 30 миллиард евра аст ва акнун дар миёнаи роҳ ҳастием. »  Амирабудуллоҳиён таъкид  бар ин, ки  «Мо муътақидем, ки бояд санади тиҷорати тарҷеҳи, ки солҳои пеш байни дукишвар ба имзо расидааст бурузрасонӣ шавад»، Аз суҳбатҳои худ масирҳои таранзети мавҷудро аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкориҳои дукишвар унвон кард ва гуфт: Мо муътақидем, ки масирҳои транзети омили рақобати нест балки масири густариши ҳамкории байни Теҳрон ва Анкара аст.

Мавзӯъи жеополетикии Қафқоз ва ихтилофҳо миён Арманистон ва Ҷумҳӯри Озарбойҷон низ аз дигар мавзӯъи мавриди  гуфтугӯ миёни вузарои хориҷаи Туркия ва Эрон буд. Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз ин ҳаргуна тағир дар жеополетики минтақа Қафқозро рад карда буд  ва Амирабдуллоҳиён имрӯз низ дар дидор бо Фадан муҷаддадан бар ин мавзеъи таъкид кард. Амирабдуллоҳиён бо ин, ки мо аз гуфтугӯҳо ва тавофуқот Ирвон ва Боку истиқбол ва бори дигар таъкид мекунем ҳаргуна тағир дар жеополетик дар минтақа ва ҳар гуна иқдом барои масдуд кардан ва ё маҳудуд кардани масириҳои таърихии транзети ва мавҷуд дар минтақаро ҳаргиз барнаметобем. Ба гуфтаи Амирабдуллоҳиён муқаррар шуд бо пешниҳоди оқои Ҳакан нишастҳои сеҷонибаи Эрон, Озарбойҷон ва Туркия бо ҳадафи ҳамкориҳои нерӯманд дар барқарории сулҳ ва субот дар минтақа аз ҷумла минтақаи Қафқоз мавриди пайгири қарор бигиранд.