Раисӣ: Муқовимати кишварҳои африқоӣ муқобили истеъмор нишонаи бедори ва ҳушёрии онҳо аст
(last modified Mon, 04 Sep 2023 12:32:15 GMT )
Сентябр 04, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Муқовимати кишварҳои африқоӣ муқобили истеъмор нишонаи бедори ва ҳушёрии онҳо аст
    Раисӣ: Муқовимати кишварҳои африқоӣ муқобили истеъмор нишонаи бедори ва ҳушёрии онҳо аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз истодагӣ ва муқовимати кишварҳои африқоӣ дар муқобили ҷараёни истеъмор ва терроризм тамҷид кард ва онро нишонаи бедори, ҳушёри ва ташхиси дақиқи ниёзҳои руз аз суи ин кишварҳо донист.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи душанбе дар дидори хонуми Улуё Рвомбо вазири хориҷаи Буркина Фасо дар Теҳрон бо ишора ба равобити хуби Эрон пас аз пирузии инқилоби исломӣ бо умуми кишварҳои африқоӣ омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои интиқоли таҷрубиёт ва дастовардҳои хуб ба кишварҳои дуст ба хусус дар Африқо эълом кард.

Улуё Рвомбо низ бо баёни ин ки кишварҳои африқоӣ ва аз ҷумла Буркина Фасо аз истодагӣ ва муқовимати инқилоби исломӣ муқобили истекбор ва низоми султа илҳом гирифтанд гуфт: Муҳимтарин дастури кори давлати Буркина Фасо фаъол кардани меҳварҳои ҳамкори бо Эрон аст.

Вазири хориҷаи Буркина Фасо таъкид кар: Кишвараш алоқаманд ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобил бо кишвари дуст, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.