Сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар неруи ҳавоии артиши Эрон
(last modified Tue, 05 Sep 2023 08:32:26 GMT )
Сентябр 05, 2023 13:32 Asia/Dushanbe
  • Сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар неруи ҳавоии артиши Эрон

Фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин неру хабар дод ва гуфт : Ба зудӣ навтарин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини неруи ҳавоӣ рӯнамоӣ мешавад.

Ҳамиди Воҳидӣармондеҳи неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дируз душанбе дар ҳошияи гиромидошти шаҳиди халабон Муҳаммади Навжа ва шуҳадои неруии ҳавоӣ дар Ҳамадон ( ғарби Эрон ) дар гуфтугӯ бо ИРНА, ба талоши неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон барои сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ишора кард ва гуфт : Ба зӯдӣ аз дастовардҳои неруи ҳавоӣ дар сохти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин рӯнамоӣ мешавад .