Намояндаи Созмони милали муттаҳид: Эрон бузургтарин мизбони муҳоҷирони ҷаҳон аст
(last modified Wed, 28 Dec 2016 10:36:43 GMT )
Декабр 28, 2016 15:36 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Созмони милали муттаҳид: Эрон бузургтарин мизбони муҳоҷирони ҷаҳон аст

Раиси дафтари Комиссари паноҳандагони Созмони милали муттаҳид дар Машҳад гуфт: Эрон бузургтарин мизбони муҳоҷирони ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Тушӣ Сукӣ Ковочӣ, имрӯз дар ҷаласаи баррасии амалкарди идораи кулли умӯри атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устони Хуросони Разавии Эрон дар шаҳри Машҳад гуфт: “Эрон бузургтарин ҷамъияти паноҳандагон ва муҳоҷирони ҷаҳонро мизбонӣ мекунад ва мо дар Созмони милали муттаҳид аз хадамоти Эрон сипос‌гузорем”.

Вай бо ишора ба вуҷуди 65 миллион паноҳанда ва муҳоҷир дар ҷаҳон гуфт: “Ҳамаи сафирон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Эрон дафтар доранд, аз хадамоти хуби Эрон ба муҳоҷирони хориҷӣ бохабар ҳастанд”.

Нуруллоҳи Роғӣ, саркунсули Афғонистон низ дар ин ҷаласа бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои раҳбари инқилоби исломӣ аз мардум ва давлати Афғонистон гуфт: Эрон солона пазирои ҳазорон афғонистонист, ки дар камоли оромиш ва амният ба зиндагии худ мепардозанд ва зимни касби донишу илм ба кор низ машғуланд .

Роғӣ афзуд: Илмомӯзӣ ва ҳирфаомӯзии афғонҳо дар Эрон то ҳадди зиёде дар бозсозии Афғонистон муассир аст .

Дар идомаи ин ҷаласа, Ғуломаббоси Арбоб Холис, раиси намояндагии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар шимол ва шарқи кишвар гуфт: “Ҷумҳурии исломии Эрон беш аз 30 сол аст, аз муҳоҷирони афғонистонӣ ва ироқӣ пазироӣ мекунад ва мо умедворем, мушкилоти дохилии ин кишварҳо ҳарчи сареътар бартараф шавад ва муҳоҷирон ба кишварҳоияшон бозгарданд”.

Дар ибтидои ин маросим низ Муҳаммади Аҷамӣ, мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони Разавӣ гуфт: Ҳудуди 320 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки умуман афғонистонӣ ҳастанд, дар Хуросони Разавӣ ҳузур доранд .

Вай афзуд: Беш аз 71 ҳазор донишомӯз ва чаҳор ҳазору 900 донишҷӯи хориҷӣ дар Хуросони Разавӣ таҳсил мекунанд .

Дар ин маросим саркунсули кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон ва Туркия ҳузур доштанд .