Сентябр 09, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
  • Foreign Affairs: Оятуллоҳ Хоманаӣ, Эронро қудрати бартари ғарби Осиё хоҳад кард

Як нашрияи амрикоӣ навишт, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин кишварро табдил ба қудрати бартари ғарби Осиё хоҳад кард.

Ба гузориши ИРНА, дар мақолаи нашрияи “Foreign Affairs” омадааст: Оятуллоҳ Хоманаӣ, ғарби Осиёро ба минтақае табдил хоҳад кард, ки Эрон қудрати бартари он хоҳад буд.

Дар ин нашрия таъкид шудааст, ки Эрон ба хубӣ ва пирӯзмандона аз пас таҳримҳои ғарбиҳо баромадааст.

Ба навиштаи “Foreign Affairs” , сарони амрикоӣ яке пас аз дигаре умедвор буданд, ки фишори молӣ ва дипломатӣ бар Эрон, ин кишварро водор ба канор гузоштани доштаҳои ҳастаии худ кунад, аммо ғарбиҳо дар муҳосиботи худ иштибоҳ карданд.

“Foreign Affairs” ҳамкории Эрон, Русия ва Чинро гоме дар ҷиҳати инзивои Амрико дар сатҳи байналмилалӣ медонад.

 

Барчасп