Сентябр 09, 2023 19:40 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Эрон мухолифи ҳар гуна тағйир дар марзҳои минтақа аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эъломи муҷаддади мухолифати ҷиддӣ бо ҳар гуна ташаннуҷ ва низ тағйир дар марзҳои таърихии минтақа, бар омодагии Эрон барои ифои нақш дар ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тағйир дар ҷуғрофиёи сиёсии минтақа таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Саидиброҳими Раисӣ имрӯз (шанбе) дар посух ба тамос Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, дар вокуниш ба гузориши вай аз охирин таҳаввулоти минтақаи Қафқоз, зимни эъломи муҷаддади мухолифати ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳар гуна ташаннуҷ ва низ тағйир дар марзҳои торихии минтақа, бар омодагии Эрон ба унвони ҳамсояе қудратманд, барои ифои нақши муассир дар ҷилавгирӣ аз даргирии ҷадиду ҳар гуна тағйир дар жиюполитии минтақа таъкид кард.