Сентябр 10, 2023 10:16 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати аз Арабистон ба Теҳрон
    Сафари ҳайати аз Арабистон ба Теҳрон

Ҳайати аз Арабистони Саъдӣ ба манзури ширкат дар иҷлоси мубориза бо гардуғубор ба Эрон сафар кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид мизбони конфронси байналмилалии мубориза бо туфонҳои гарду ғубор аст.

Ин ҷаласаи байналмилалӣ ба унвони муқобила бо туфонҳои гардуғбор имруз шанбе дар Теҳрон оғоз шуд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории ИСНА, бо одишудани муносиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ як ҳайати саъудӣ барои ҳузур дар иҷлоси байналмилалии мубориза бо гардуғубор озими Теҳрон шуд.

Ба асоси эъломи сафорати Эрон дар Арабистон ҳамчунин қарор аст як ҳайати эронӣ аз Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон барои ҳузур дар чиҳилупанҷумин иҷлоси кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО фардо якшанбе озими Риёз мешавад.

Конфронси байналмилалии мубориза бо туфонҳои гардуғубор имруз ва фардо дар Теҳрон баргузор мешавад ва ҳадафи аз он баррасии чолишҳо ва мушкилоти кишварҳои мутассир аз гардуғбор ва ироаи роҳи ҳалҳои амалӣ барои бархурд бо ин чолиш ва муъзали ҷаҳони аст.

Барчасп