Сентябр 10, 2023 17:26 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рунавишти устуворномаи сафири Арабистон дар Теҳрон ба Амирабдуллоҳиён

Сафири Арабистони Саудӣ дар Теҳрон, рунавишти устуворномаи худро тақдими вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон кард.

Абдуллоҳ бин Сауд ал Анзӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Теҳрон, имрӯз (якшанбе) бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дидору рунавишти устуворномаи худро тақдими вай кард.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, дар дидори Абдуллоҳ бин Сауд Ал Анзӣ, сафири Арабистони Саудӣ бо Амирабдуллоҳиён дар хусуси бархе аз масоили дуҷониба ва минтақаӣ низ гуфтугу шуд.

Сафири Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта барои истиқрор дар маҳали маъмурияти худ вориди Теҳрон шуд дар ҳамон рӯз низ  Алиризо Иноятӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арабистон ба Риёз рафт ва маъмурияти худро оғоз кард.