Сентябр 10, 2023 19:30 Asia/Dushanbe
  • Номзадии филми эронӣ дар бахши беҳтарин филми хориҷизабони ҷашнвораи Уэлс

Филми синамоии эронии «Бемодар», номзади беҳтарин филми хориҷизабони ҷашнвораи Уэлс шуд.

Филми синамоии эронии «Бемодар» ба нависандагӣ ва коргардонии Саидмуртазо Фотимӣ, номзади беҳтарин филми хориҷизабони ҷашнвора Уэлс шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Бемодар», ки панҷумин ҳузур дар ҷашнвораҳои байналмилалиро таҷриба мекунад, дар чаҳор ҳузури қаблии худ се ҷоизаи «беҳтарини филм» аз ҷашнвораҳои байналмилалии Дакка 2022 , Crossing the Screen England 2023 , ҷашнвораи байналмилалии филми Бангалор ва як ҷоизаи «беҳтарин коргардонӣ»-и ҷашнвораи филми London Rainbow Film Festival -ро касб карда буд.

Ҳафтумин давраи ҷашнвораи "Wales International Film Festival 2023" бо созу коре вижа ва чанд марҳалаӣ дар тайи ду моҳ дар Гвини театр дар шаҳри Нит баргузор мешавад.

Пас аз намоиши осори мунтахабу шиносоии финалистҳо дар ниҳоят муаррифии барандагони ҷавоиз дар таърихи 15 сентябр анҷом хоҳад шуд.

 

Барчасп