Сентябр 11, 2023 17:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Дар муқобила бо душман ба шиддат ҷидди ҳастем
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Дар муқобила бо душман ба шиддат ҷидди ҳастем

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо мардуми устонҳои Систон ва Балучистон ва Хурсони Ҷанубӣ таъкид карданд: Дар муқобила бо душман бисёр ҷидди ҳастем.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасони дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҷаҳони имрузро ҳам дар остонаи таҳавул ва аз бархе завоё дар ҳоли таҳавул донистонад ва тазъифи қудратҳои истеъморӣ ва баромадани қудратҳои ҷадиди минтақаӣ ва ҷаҳониро ду хасисаи ин таҳавулоти бузург баршумориданд.

Ишон бо истинод ба ҳарфҳои бархе манобеъи ғарби шохисаҳои иқтидори Амрико аз ҷумла дар заминаи иқтисодиро дар ҳоли таназул хонданду гуфтанд: Қудрати Амрико барои тағир додани давлатҳо низ уфули маҳсуи карда аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нокомии дар Сурия ва фирори зилатбор аз Афғонистонро ду намунаи машҳуди уфулии қудрати Амрико хонданду гуфтанд: Бақияи мустакбирон низ ба ҳамин рави дучор шуданд ҳамчуноне, ки ин рузҳо дар кишварҳои мухталифи африқоӣ зидди Фаронса ба унвони истеъморгари дерини ин қора қиём мешавад ва мардум ҳам аз ин қиёмҳо ҳимоят мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ нақшакашиҳои Амрикоро мунҳасир бар Эрон надонистанд ва гуфтанд: Амрико имруз дар минтақа барои Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон ва ҳатто барои кишварҳои Халиҷи Форс ки дустони қадимӣ ва суннатии онҳо ҳастанд барнома дорад.

Ишон дар табйини нақшаи Амрико гуфтанд: Маълумоти иттилоъотии мо нишон медиҳад давлати Амрико маҷмуъаи барои буҳронсози дар кишварҳо аз ҷумла Эрон эҷод кард, ки маъмурияти он ёфтан ва таҳрики нуқоте аст, ки ба назари онҳо метавонад боиси буҳрон шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Аз назари онҳо тафовутҳо ва ихтилофҳои қавми ва мазҳаби ва масъалаи ҷинсият ва зан ҷузи нуқоти буҳронсоз дар Эрон аст, ки мехоҳанд бо таҳрики онҳо ба кишвари азизи мо зарба ворид кунанд.

Ишон афзуданд: Онҳо бедуни тардид наметавонанд чунин кори кунанд машрут ба ин ки мо муроқиб ва ҳавосҷамъ бошем, роҳро хато ва иштибоҳ наравем, ҳақро бо ботил иштибоҳ нагирем, равишҳои душманро бишиносем, дар ҳеҷ ҳарфу иқдом ва ҳаракат ба душман кумак накуенм ва дучори хоб ва ғифлат нашавем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ амнияти миллиро нуқтаи омоҷи дигар бадхоҳони Эрон донистанду гуфтанд: Касоне, ки амнияти миллиро таҳдид мекунанд душмани миллат ҳастанд ва дониста ё нодониста барои душман кор мекунанд.

Барчасп