Сентябр 13, 2023 17:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ
    Ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ

Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон эълом кард, Эрон ҷузъи 25 кишвари бартари ҷаҳон дар ҳавзаи сохти моҳвора ва 10 кишвари бартар дар ҳавзаи партоби моҳвора аст.

Исои Зореъпур рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти ҳайати давлат дар посух ба хабарнигори “Эрон пресс” дар бораи ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ бо тавваҷуҳ ба ихтиёр доштани моҳвораҳои қодир ба тасвирбардории рангӣ аз кураи Замин бо диққати хеле боло барои аввалин бор дар таърихи кишвар гуфт: Мо ҷузъи 25 кишваре ҳастем, ки метавонем моҳвора бисозем.

Зореъпур дар идома аз рутбаи даҳуми ҷаҳонии Эрон дар ҳавзаи партоби моҳвора хабар доду гуфт: Дар ҳавзаи партоб ҳам ҷузъи 10 кишвари бартар ҳастем ва фанноварии партобгари мо ҳам дар ҳоли тасбит шудан аст, ки метавонем моҳвораҳои санҷиширо дар мадори замин дар лояи леу, яъне 500 то 600 километрии замин қарор бидиҳем ва ин ҷузъи ифтихороти кишвар аст.

Вазири иртибототи Эрон афзуд: Мо дар фанноварии ҷобаҷоии моҳвора низ дар лояҳои мухталиф ҷузъи 6 - 7 кишвари бартар ҳастему санъати фазоӣ рӯз ба рӯз масири рушду иртиқои худашро тай мекунад.