Эрон сеюмин тавлидкунандаи нафти ОПЕК
(last modified Wed, 13 Sep 2023 14:23:59 GMT )
Сентябр 13, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Эрон рӯзона 3 миллион бушка нафт тавлид мекунад
    Эрон рӯзона 3 миллион бушка нафт тавлид мекунад

Гузориши ҷадиди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) нишон медиҳад, Эрон сеюмин тавлидкунандаи нафти ин созмон будааст.

Гузориши моҳи сентябри дабирхонаи ОПЕК нишон медиҳад, 13 узви ин созмон дар моҳи сентябр 27 миллиону 449 ҳазор бушка нафти хом тавлид карданд, ки 113 ҳазор бушка бештар аз 27 миллиону 336 ҳазор бушкаи моҳи июл аст.

Бар асоси гузориши моҳи сентябри ОПЕК, пас аз Арабистон бо тавлиди рӯзона ҳашт миллиону 967 ҳазор бушка, Ироқ бо тавлиди рӯзона чаҳор миллиону 277 ҳазор бушка, Эрон бо тавлиди рӯзона се миллион бушка нафт дар ҷойгоҳи сеюмин тавлидкунандаи ин созмон қарор гирифтааст.

Эрон, Венесуэла ва Либия аз тавофуқи коҳиши арзаи эътилофи тавлидкунандагони узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва ғайриопек (ОПЕК плюс) муоф ҳастанд.

Қимати нафти хоми сангини Эрон бар асоси тозатарин гузориши моҳонаи РПЕК дар моҳи август нисбат ба моҳи июли соли 2023 мелодӣ 6 доллару 10 сент, муодили 5. 7 дарсад афзоиш ёфтааст.