Эзтирофи сиёсатмадори саҳюнист: Артиши Исроил барои тафреҳ, кӯдаконро мекушад
Порс-Тудей. Изҳороти ҷадиди Яир Голан, сиёсатмадори саҳюнист ва раиси Ҳизби демократҳои режими саҳюнистӣ, дар сояи оғози амалиёти заминии муҷаддади саҳюнистҳо дар борикаи Ғазза, бори дигар фазои сиёсии ин режими саҳюнистиро мултаҳиб кард, ки гуфтааст, як давлат (режим) табиатан бо ғайринизомиёни ҷанг намекунад ва кӯдаконро барои тафреҳ намекушад.
Ҳамзамон бо идомаи амалиёти низомии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва оғози муҷаддади ҳамалоти заминии ин режим ба ин борика, таниш дар миёни саркардагони Тел-Авив густариш ёфта ва дар ҳамин робита Яир Голан бо интиқод аз раванди феълии ҷанг дар Ғазза гуфт, ки Исроил ба самти табдил шудан ба як кабинаи манфур байни кишварҳои дигар пеш меравад.
Гроани афзуда, ки кабинаи режими саҳюнистӣ пур аз афроде аст, ки ҳисси интиқомҷӯӣ доранд ва ҳеч нишонае аз ахлоқ дар онҳо дида намешавад. /Меҳр