Муовини сафири Испания: Бароям ҷолиб аст, ки Эрон маркази пикассошиносӣ шудааст
-
Тасвире аз яке аз осори Пикассо дар намоишгоҳе дар Теҳрон
Порс-Тудей. Муовини сафири Испания дар Эрон дар нишасти баррасии осори Пабло Пикассо дар музеи Дафинаи Теҳрон, аз табдили Эрон ба маркази пикассошиносии ҷаҳон хабар дод ва бар аҳамияти шинохти ин ҳунарманди бузург таъкид кард.
Муовини сафири Испания дар Эрон душанбешаб дар маросиме, ки ба таҳлилу баррасии панҷ асари Пабло Пикассо (наққоши машҳури фаронсавӣ - 1881 то 1973) ихтисос дошт, гуфт: Бароям ҷолиб аст, ки Эрон маркази пикассошиносӣ шудааст.
Ба гузориши Порс-Тудей, Антонио Торрес бо ишора ба намоиши осори Пикассо дар музеи Ҳунарҳои муосир ва музеи Дафина гуфт, ки алоқа ба шинохти ин ҳунарманд дар Эрон то ин андоза зиёд аст.
Торрес бо ишора ба вуҷуди панҷ тоблуи асл аз осори Пикассо дар Эрон гуфт: Дидани тоблуҳои Пикассо дар Эрон ғофилгирии бузурге буд. Ҳамеша бовар доштам, ки кишвари Эрон пур аз рамзу роз аст ва тоблуҳои Пикассо ҳам яке аз ҳамин розҳо буд.
Доктор Парисо Шоди Қазвинӣ, донишёри Донишгоҳи Заҳрои Теҳрон дар идомаи ин нишаст, ба таҳлили шахсияти ҳунарии Пикассо пардохт ва ӯро ҳунарманде халлоқу сохторшикан тавсиф кард.
Ӯ ҳамчунин ба арзиши болои осори мавҷуд дар пардис (намоши)-и музеии Дафина ишора карду гуфт: Вуҷуди чунин осоре дар Эрон фурсати хубе барои алоқамандон аст то аз наздик осори саршиностарин ҳунармандонро тамошо кунанд.
Осори мавҷуд дар музеи Дафина шомили 3 наққошӣ ва 2 литографи аз миёнаи умри ҳунарии Пабло Пикассо аст, ки аз арзиши зиёде бархӯрдоранд ва ба ғанои фарҳангии Эрон афзудаанд.