Сентябр 15, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Вижабарномаҳои шаҳодати ҳазрати Ризо (а)
    Вижабарномаҳои шаҳодати ҳазрати Ризо (а)

Вижабарномаҳои Остони Қудси Разавӣ ба муносибат фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а) эълом шуд.

Ҳамзамон бо фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Ризо (а), иҷтимои азодорони Разавӣ низ дар боргоҳи малакутии ҳазрати Соминалҳуҷаҷ (а) баргузор мешавад.

Ҳамзамон бо зуҳри шаҳодати имом Ризо (а), иҷтимои азодорони Разавӣ низ шанбе ба ҳиммати муовинати таблиғоти исломии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар саҳни Паёмбари аъзам (с) баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар ғуруби шаҳодати ҳазрати Соминалҳуҷаҷ (а) маросими чаҳорпояхонии шаби шаҳодат (Ушшоқи Разавӣ) дар саҳни Паёмбари аъзам (с)-и ҳарами мутаҳҳар баргузор мешавад.

Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ гуфт, омори вурудии зоирони Разавӣ ба Машҳад то шаби ҷумъа ҳудуди 5. 3 миллион нафар баровард шудааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳусайни Шариатинажод, муовини таблиғоти исломии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ гуфт: Бо ҳадафи баҳрамандии зоирону муҷовирон, маросими азодории вижаи шаб, рӯз ва шоми шаҳодати имом Ризо (а) ба ҳиммати ин муовинат бо ҳузури суханронону маддоҳони барҷастаи кишварӣ дар равоқи имом Хумайнӣ (раҳ) тадорук дида шудааст.