Тафсир: Нигоҳе ба дувумин ҳузури раисиҷумҳури Эрон дар нишасти Маҷмаи умумии СММ
(last modified Tue, 19 Sep 2023 13:33:54 GMT )
Сентябр 19, 2023 18:33 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Нигоҳе ба дувумин ҳузури раисиҷумҳури Эрон дар нишасти Маҷмаи умумии СММ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли ду соли раёсати худ бар қувваи муҷрия, барои дувуминбор озими Созмон милал шуд то дар ҳафтоду ҳаштумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кунад.

Суханронӣ дар Маҷмаи умумӣ, дидор бо сарони кишварҳо ва суханронӣ дар ҷамъи эрониёни муқим, аз ҷумлаи барномаҳои Саидиброҳими Раисӣ дар ин сафар хоҳад буд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин дар нишастҳое бо гуруҳҳо ва афроди марҷаъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва расонаӣ дар Амрико ба ташреҳи мавозеъи Эрон ва низ посух ба суолоти онон хоҳад пардохт.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид солона аз сеюмин ҳафтаи сентябр кори худро оғоз мекунаду сарони сиёсии дунё ва ба таври умда руасои ҷумҳурии ин кишварҳо суханронони аслии нишаст ҳастанд. Саидиброҳими Раисӣ дар нахустин ҳузури худ дар шаҳривари соли 1401 дар Маҷмаи умумии Созмони милал ҳини суханронӣ бо ишора ба ҷиноёти Амрико дар ташкилу ҳимоят аз ДИИШ ва ҳамчунин дастури Трамп барои шаҳодати сардор Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, тасвири ӯро болои бурд ва лаҳазоте сукут кард. Раисӣ ҳамчунин бар зарурати пайравии ҳамаи тарафҳо аз тавофуқи ҳастаӣ ва қатъномаи Созмони милал таъкид кард ва ёдовар шуд, давлаташ ба дунболи таъомули муассир бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бахусӯси кишварҳои ҳамсоя аст.

Имсол нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал дар шароите дар ҳоли баргузорӣ аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли яксоли гузашта тавонистааст фазои ҷадиду мутафовит барои дипломасӣ ва ҳамчунин ройзанӣ бо дигар кишварҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ба вуҷӯд оварад. Дар ин муддат Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонист узвият дар Шанхай ва БРИКС-ро бадаст оварад, ҳамчунин равобити Эрон бо кишварҳои ҳамсоя раванде рӯ ба беҳбӯд ёфт ба гӯнае, ки пас аз барқарории муҷаддади равобити дипломатии Эрону Арабистон шуморе дигар аз кишварҳои арабӣ низ ки ихтилофоте бо Эрон доштанд, акнӯн хоҳони густариши равобит бо Эрон шудаанд.

Дар ин ҳол, Эрону Амрико дар раванди як музокироти шифоҳии ғайримустақиму гом ба гом қарор доранд то дар сӯрати пайбандии Амрико ба ҳамаи тааҳҳудоташ битавон чашмандози равшантареро барои музокироти рафъи таҳримҳо мутасаввир буд. Бинобар ин бо таваҷҷуҳ ба инки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар раванди музокирот, бештарин сатҳи ҳамкориҳоро нишон дода, дидорҳои Раисӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумӣ метавонад фурсате барои тарғиби ҳамаи кишварҳо дар ҳимоят аз раванди ин музокирот бошад.

Дар ҳамин робита пештар Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ карда буд, ки эҳтимоли пайгирии музокироти рафъи таҳримҳо дар ҳошияи нишасти Созмони милал вуҷӯд дорад.

Бинобар ин, ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони милалро бояд фурсате дубора барои инъикоси мавозеи усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз трибуни расмии ин ниҳоди байналмилалӣ донист, ки имкони ройзаниҳои дипломатиро низ дар ростои таҳаққуқи сиёсатҳо ва аҳдофи Ҷумҳурии Исломии Эрон фароҳам мекунад.

 

Барчасп