Содироти ғайринафтии Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ба 8. 2 миллиард доллар расид
-
Содироти ғайринафтии Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ба 8. 2 миллиард доллар расид
Порс-Тудей. Содироти ғайринафтии Эрон дар думоҳаи гузашта (фарвардин ва урдибиҳишт) бо вуҷуди таҳримҳо ба 8 миллиарду 241 миллион доллар расид.
Фурӯди Асгарӣ, раиси кулли гумруки Эрон ба тозагӣ дар гузорише эълом кард, содироти ғайринафтии Эрон дар думоҳаи гузашта (фарвардину урдибиҳишт) ба мизони 24 миллиону 622 ҳазор тон ва ба арзиши 8 миллиарду 241 миллион доллар расид.
Ба гузориши Порс-Тудей, Асгарӣ афзуд, ин мизон колоҳои содиротӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл ба лиҳози вазнӣ 4 . 4 дарсад афзоиш доштааст.
Ба гуфтаи вай, Чин бо 2 миллиарду 425 миллион доллар, Ироқ бо як миллиарду 500 миллион доллар, Иморот бо як миллиарду 94 миллион доллар, Туркия бо 673 миллион доллар, Афғонистон бо 374 миллион доллар, Покистон бо 322 миллион доллар ва Уммон бо 305 миллион доллар, 7 кишвари умдаи мақсади содироти ғайринафтии Эрон дар ду моҳи гузашта буданд.
Гуфтанӣ аст, бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2024, Эрон дар се соли гузашта бо вуҷуди танишҳои геополитикии минтақа, рушди иқтисодии болои панҷ дарсадро сабт кардаву мизони коҳиши бекорӣ дар ин давра ба 7. 4 дарсад расидааст.