Сентябр 22, 2023 20:05 Asia/Dushanbe
  • Эрон 3 Таиланд 0
    Эрон 3 Таиланд 0

Тими миллии волейболи Эрон бо шикасти Таиланд ба ниманиҳоии бозиҳои осиёии Гуанчжоу роҳ ёфт.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), тими миллии волейболи Эрон дар даври ҳазфии бозиҳои осиёии Гуанчжоу рӯзи панҷшанбе ба масоф Таиланд рафт ва бо натиҷаи 3 бар сифр ба пирӯзӣ расид ва ба ниманиҳоӣ рафт.

Тими Эрон пеш аз ин Непал ва Баҳрайнро шикаст дода буд ва бо ду пирӯзӣ ба унвони садрнишини гуруҳи “B” роҳии марҳалаи ҳазфӣ шуд.

Тими миллии волейболи Эрон дар ду давраи қаблии ин бозиҳо (бозиҳои осиёии Ҷакарта) қаҳрамон шуда буд ва акнун ба дунболи касби сеюмин қаҳрамонӣ аст.