Сентябр 24, 2023 17:24 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзаниҳои дипломатии Амирабдуллоҳиён дар Ню-Йорк

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи дидорҳои худ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо вузарои хориҷа ва мақомоти шуморе аз кишварҳо дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши ИСНА, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, ки дар Ню-Йорк басар мебарад, дар идомаи ройзаниҳои фишурдаи дипломатии худ бо Антониоу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор кард.

Дидори Амирабдуллоҳиён ва Гутерриш асри шанбе ба вақти маҳаллӣ ва дар шашумин рӯзи ҳузури вазири хориҷаи Эрон дар Ню-Йорк ва дар дафтари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид сӯрат гирифт.

Дар дидори дигари Амирабдуллоҳиён ва намояндаи вижаи Созмони милал дар умӯри таҳаввулоти минтақа ва Сурия гуфтугу карданд.

Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Денис Монкада, вазири хориҷаи Никарагуа, Айман Ал Сафдӣ, вазири хориҷаи Урдун ва Ҷайҳун Боеров, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дидору гуфтугу кард.

Амирабдуллоҳиён пештар низ бо вазири хориҷаи Арманистон дидор карда буд.

 

Барчасп