Сентябр 25, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳсини ду ибтикори раиси Ҷумҳурии  Исломии Эрон дар маҷмаи умумӣ
    Таҳсини ду ибтикори раиси Ҷумҳурии  Исломии Эрон дар маҷмаи умумӣ

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Иқдомоти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дар дастдоштани Қуръони Карим ҳангоми суханрони дар нишасти маҷмаи умумии Созмони Милал ибтикори қобили таваҷуҳ ва ҷазоб ҳатто барои кишварҳои ғайри исломӣ буд.

Ҳусей Амирабдуллоҳиён дар поёни сафар ба Ню-Йорк ва ройзаниҳои фишурдаи дипломотик дар мақари Созмони Милал дар посух ба саволи Эрон Пресс дар бораи нукоти барҷастаи суханронии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмаъи умумӣ таъкид кард: Ишон дар бораи мавзуъи хонавода ҳам баҳси ҷунбиши ҷаҳонии таъаҳуд ба хонаводаро баён карданд, ки бо истиқболи кишварҳои мухталиф ру ба ру шуд.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Бояд ба идеаи ҷунбиши таъаҳуд ба хонавода ба хуби пардохта шавад то ҳаракати байналмилалӣ дар ҳимоят аз бунёни хонавода шакл бигирад.

Амирабудлоҳиён хотирнишон кард: Нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа ва узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС ва СҲШ мавриди таваҷуҳ қарор гирифт чаро, ки акнун як саифаи ҷадиди ҳамкориҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ шакл гирифта аст.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ба дидори муҷадади худ бо вазири хориҷаи Арабистон дар Ню-Йорк ҳам ишора карду гуфт: Дар рузҳои оянда иттифоқоти ҷадиди дар равобити ру ба густариши Теҳрон ва Риёз рух хоҳад дод.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин аз саргирии равобити Эрон бо Ҷибути ва Малдавияро руйдоди дигари дар Ню-Йорк донист ва гуфт: Ин кишварҳои ҳаркадом зарфиятҳои сиёсӣ доранд ва узви Созмони Милал ҳастанд.

Барчасп