Тафсир/ Поёни сафари Амирабдуллоҳиён ба Ню-Йорк; дипломасии пӯё тайи 7 рӯз
(last modified Tue, 26 Sep 2023 15:20:35 GMT )
Сентябр 26, 2023 20:20 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Поёни сафари Амирабдуллоҳиён ба Ню-Йорк; дипломасии пӯё тайи 7 рӯз

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз 7 рӯзи ҳузур дар Ню-Йорк ба Теҳрон бозгашт.

Саволи муҳим ин аст, ки сафари 7 рӯзаи Амирабдуллоҳиён ба Ню-Йорк чӣ гуна гузашт ва чӣ паёмадҳое хоҳад дошт?

Дидорҳои дипломатӣ ва гуфтугӯҳои сиёсӣ бо маҳофили расонаӣ ва илмӣ аслитарин буъди сафари 7 рӯзаи Амирабдуллоҳиён ба Ню-Йорк буд. Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳудӯди 43 барнома дар Ню-Йорк дошт, ки 34 мавриди он дидор бо ҳамтоён ва бархе мақомот, аз ҷумла дидор бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал буд.

Масоили дуҷониба, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ меҳвари ин дидорҳо буд. Дидори Амирабдуллоҳиён бо Файсал бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистони Саудиӣ таъкиде бар азми Теҳрон барои беҳбуд ва тақвияти равобит бо Риёз буд. Ин дидор баёнгари тамоюли ду кишвар барои тадовуми масире аст, ки аз марти гузашта бо эҳёи равобити дуҷониба оғоз шуд.

Яке дигар аз дидорҳои муҳимми вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ню-Йорк, дидор бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал буд. Вазири хориҷа дар ин дидор ба таври мустақим ва шаффоф мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси масоили муҳими марбӯт ба Эрон, минтақа ва ҷаҳонро ташреҳ кард.

Вазири хориҷаи Эрон дар дидор бо соири мақомҳо ва тарафҳо дар мавриди бархе аз чолишҳои мавҷӯди ҷаҳонӣ ва минтақаӣ гуфтугу кард ва бо вузарои хориҷаи кишварҳо дар бораи пайгирии мавзуоти дуҷониба ва тавофуқномаҳое, ки байни Теҳрон ва кишвари муқобил дар дастури кор қарор дорад, ройзанӣ кард.

Метавон гуфт, Амирабдуллоҳиён аз фурсати Ню-Йорк барои табйини сиёсати хориҷии Эрону беҳбуди равобит бо кишварҳо ва ҳамчунин ироаи тасвире воқеӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон на он гуна, ки мунофиқин ва маонидин ироа мекунанд, баҳра гирифт.