Сентябр 27, 2023 12:38 Asia/Dushanbe
  • Иршодӣ: Ҷомеъаи байналмилалӣ режими Исроилро ба тарки гузинаи силоҳҳои ҳастаӣ маҷбур кунад

Муовини намояндагии Эрон дар Созмони милал, гуфт, ҷомеъаи байналмилалӣ бояд режими Исроилро ба сӯрати илзомовар ба тарки гузинаи силоҳҳои ҳастаӣ маҷбур кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони милал дар нишасте дар Маҷмаи умумии Созмони милал дар бораи маҳви силоҳҳои ҳастаӣ, афзуд, режими Исроил бо ҳимояти Иёлоти муттаҳида, ҳамвора бо тамоми иқдомот таъсиси минтақаи Ховари Миёнаи орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ, мухолифат карда ва ҳатто Эронро бо силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад.

Иршодӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин иқдоми номашрӯъ, ғайриқонӯнӣ ва ғайримасъулонаи режими Исроилро шадидан маҳкӯм мекунад.

Муовини намояндагии Эрон дар Созмони милал идома дод, Эрон нигаронии амиқи худро дар мавриди таъхирҳои мудовиму тӯлонӣ дар иҷрои қатъномаи соли 1995 ва барномаи иқдоми соли 2010 барои минтақаи ғарби Осия эълом мекунад.

Вай бо баёни инки афзоиши хатари як ҷанги ҳастаӣ беш аз ҳар замони дигаре моро ба сенарияи қиёмат наздиктар мекунад, гуфт, доктаринаи ҳастаӣ тавҷеҳгари корбурди истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ва коҳиши остонаи истифода аз онҳо, ҳамчунон ба унвони мабное барои стротежиҳои ҳастаии кишварҳои дорандаи силоҳҳои ҳастаӣ, бавижа кишварҳои узви НАТО аст.

Заҳро Иршодӣ бо баёни инки як мусобиқаи мусаллаҳонаи ҳастаии нигаронкунанда дар ҳоли иҷро аст, изофа кард, дар соли 2023 , Иёлоти муттаҳида ва Британия маболиғи шигифтангезе ба арзиши 50.9 миллиард доллар ва 3 миллиард пунд ба барномаҳои силоҳҳои ҳастаии худ ихтисос доданд, ки ба онҳо имкони густариши ғайримаҳдӯди қобилиятҳои ҳастаии худро медиҳад.

 

Барчасп