Октябр 01, 2023 19:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҷойгоҳи мумтози илмии Эрон дар байни кишварҳои исломӣ ва ҷаҳон
    Таҳлил: Ҷойгоҳи мумтози илмии Эрон дар байни кишварҳои исломӣ ва ҷаҳон

Муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии Исломӣ Эрон гуфт: Дар сояи сиёсати роҳбурдии Раҳбари муаззами инқилоб акнун Эрони исломӣ ба қудрати матраҳи илмӣ ва бархурдор аз донишмандони бузург ва ширкатҳои мутабаҳҳири фанновари табдил шудааст.

Руҳуллоҳи Деҳқонии Фирузободи муовини илмӣ ва фанноварии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи ҷумъа дар ойини ифтитоҳияи панҷумин давраи ҷоизаи Мустафо(с) дар Исфаҳони афзуд: Руйкарди роҳбурдии тавсеаи илм ва фанноварӣ дар ҳамаи ҳавзаҳои кишвар аз муҳимтарин аркони сиёсатгузории Раҳбари муаззами инқилоб ва ҳамсу бо омӯзаҳои Расули Акрам(с) дар ин замина будааст.

Руйдоди ҷоизаи Мустафо(с) ки ба ибтикори шӯрои олии фарҳангии Эрон дар соли 1391 эҷод шуд ва акнун панҷумин давраи он дар ҳол баргузарӣ аст токунун ба 14 донишманди ҷаҳон ҷоиза эъто кардааст, ки маҷалоти илмии онро ба унвони ҷоизаи нобели кишварҳои исломӣ медонанд .

Беш аз яксад нафар аз донишмандони ҷаҳони ислом аз 40 кишвар дар панҷумин руйдоди ҷоизаи илм ва фанноварии Мустафо(с) ширкат доранд .

Стандартсозии илми нофеъ барои башарият шиносоӣ ва муаррифии симои фохири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавлид ва тавсеаяи илм ва густариши иртибототи илмии байналмилалӣ аз ҷумлаи аҳдофи баргузарии руйдоди ҷоизаи Мустафо(с) аст .

Тавлидоти илмӣ дар кишварҳои мухталиф яке аз муҳимтарин шохисҳои баррасӣ пешрафтаст, ки масири рушд ва иртиқо дар абъоди гуногуни ҷомеъа ва дар пайи он пешрафти иқтисодиро нишон медиҳад .

Яке аз ифтихороти Эрон баъд аз пирузии инқилоби исломӣ рушди рузфзун ва ҳузури фаъоли кишвар дар арсаҳои илмӣ аст ки борҳо аз суи маҷомеъи байналмилалии мавриди тайд қарор гирифтааст ба унвони мисол дар даврони пас аз пирузии инқилоби исломӣ саҳми Эрон дар тавлиди илми дунё афзоиши 180 баробарӣ дошта ва тавлиди мақола тавассути муҳаққиқони эронӣ низ тайи солиёни баъд аз пирузии инқилоб шоҳиди рушди 55 баробари аст .

Дар ҷаҳони ислом иттилооти пойгоҳи "InCites" нишон медиҳад Эрон ба лиҳози теъдоди истинодҳои дарёфтии рутбаи аввал ба лиҳози интишороти рутбаи дувум ва ба лиҳози шохиси "H" теъдоди мақолот ва теъдоди истинодҳо рутбаи чаҳорумро дар байни 57 кишварҳои исломӣ ба даст овардааст.

Бар асоси гузорише ки тавассути сомонаи байналмилалӣ "Web of Science" мунташир шуд: Эрон бо нархи рушди илмт 10.4 дарсадӣ дар соли 2019 дар миёни 25 кишвари бартари ҷаҳон дар рутбаи дувум қарор дорад, ҳамчунин ба гузориши ду пойгоҳи муътабари илмии "New Scientist" ва "Metrix Science" Ҷумҳурии Исломии Эрон бо нархи рушди 11 баробари мутавассити ҷаҳонӣ рутбаи нахусти рушди илмиро дар байни солҳои 1980-2009 доро будааст.

Ин оморҳо нишон медиҳад Эрон сареътар аз ҳар кишвари даигар дар дунё дар масири пешрафти илм ва фанноварӣ ҳаракат мекунад. Ба тавре ки саҳми Эрон аз тавлиди илми дунё дар соли 1998 аз 0.07 дарсад ба 2 дарсад дар сол 2020 мерасад. Яъне саҳми Эрон аз тавлиди илмии дунёи нисбат ба ҷамъияти кишвар беш аз ду баробар шудааст.

Пойгоҳи истинодии байналмилалии "Scopus" низ гузориш додаст ки тайи як давраи ҳашт сола 2013-2020 нисбати мақолоти эронӣ бо мушорикати байналмилалӣ ба мизони қобили тавваҷуҳи 209 дарсад афзоиш ёфта ва Эронро ба кивари исломии пешрав дар заминаи дипломасии илмӣ табдил кардааст.

Дар ин ҳол барасоси гузориши шохиси навовариҳои ҷаҳонӣ ки ҳамаи сола аз суи созмони ҷаҳонии моликияти маънавӣ дар Женева мунташир мешавад Ҷумҳурии Исломии Эрон бо беҳбӯд беш аз 50 пела дар ин шохис аз рутбаи 113 дар соли 2013 ба рутбаи 63 дар соли 2023 иртиқо пайдо кардааст ин гузориш як абзори арзишманд барои кумак ба кишварҳо дар арзёбии вазъияти рушд ва навоварӣ ва рушди стратегияи ҷадид барои эҷоди таҳаввули иқтисодӣ ва беҳбуди меъёрҳои навоварӣ дар кишварҳо маҳсуб мешавад ва иттилоот ва рутбабандиҳои он бисёр ҳоиз аҳамият аст.

Бадеҳиаст нигоҳи ба пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои мухталифи илмӣ нишон медиҳад ки фишорҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии душманон дар маҳори муаллафаҳои қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон ноком мондааст. Дастёби ба фанновариҳои пешрафта дар ҳавзаи нано, ҳавофазо, пизишкӣ, селлулҳои бунёди ва ҳастаӣ аз ҷумлаи масодиқ барои тавсеаи илмӣ, иқтисодӣ ва фанноварии Эрон талаққӣ мешавад ки ҳама дар шароити таҳрим ба даст омадааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи лузуми тадовуми пешрафтҳои илмии кишвар мефармоянд: Мо пешрафтҳои зиёдӣ доштем намунаҳои мутаъаддидӣ доштем як қалам пешрафт илмаст. 

Мо дар ин солҳои баъд аз инқилоб аз лиҳози пешрафти илмӣ аз ҳамаи дунё пештар будем ин қизават ман нест қизовати марокизи байналмилали аст яъне суръати мо ва шитоби пешрафти илмии мо чандин баробари мутавассити ҷаҳонаст...

Илм ба маънои воқеии калима қудратаст...

Дониш барои як кишвар тавоноӣ меоварад, иқтидор меоварад.

Барчасп