Октябр 07, 2024 11:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости попи франсис барои оташбаси фаврӣ дар Лубнон ва борикаи Ғазза
    Дархости попи франсис барои оташбаси фаврӣ дар Лубнон ва борикаи Ғазза

Саҳоб-раҳбари котуликҳои ҷаҳони барқарории оташбаси фаврӣ дар Лубнон ва борикаи Ғаззаро хостор шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алҷазира" поп франсис раҳбари котуликҳои ҷаҳони ҳамзамон дар остонаи солрузи амалиёти "Туфонулақсо" таъкид кард ки ҳамаи миллатҳо ҳақ доранд дар сулҳу амният зиндагӣ кунанд ва сарзаминҳои онҳо набояд мавриди ҳамла ё таҳоҷум қарор гирад .

Поп франсис  пеш аз ин аз ҳамлаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза ва Бейрут интиқод карда ва онро фаротар аз ахлоқ тавсиф карда буд .

Режими наслкуши Исроили илова бар ҳамлаи дадманишона ба борикаи Ғазза аз 7 октябри гузашта, аз 23 сентябр низ ҳамалоти густардаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз карда аст ки ҳамчунон идома дорад.

Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Лубнон, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон беш аз ду ҳазор шаҳид ва ҳазорон захмӣ барҷой гузошта аст .

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар муқобили ҳадафи қарор гирифтани ғайринизомиён дар ин кишвар, амалиётҳои мутаъаддидии зидди мавозиъ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли сарзаминҳои ишғолиро дар дастуркори худ қарор дода ва бо партоби садҳо мушак, мавозиъи режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дода аст .

Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 токунун ҳудуди 42 ҳазор фаластини шаҳид ва наздик ба 97 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Барчасп