Тафсир - Посухи мутақобили Эрон ба режими саҳюнистӣ мунтабиқ бар қавонини байналмилалӣ
Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар амалиёти "ваъдаи содиқи 2" зимн ба рух кашидани тавоноиҳои стратежикии худ барои танбеҳи режими саҳюнистӣ иқдомии комилани иззатмандона бар асоси қавонини байналмилалӣ анҷом доданд.
Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз як давраи хештандори дар баробари нақзи ҳокимияти худ ва низ иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар террори шаҳидон Исмоили Ҳания, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, сарлашкари посдор Сайид Аббоси Нилуфарушон ва қатли оми занону кудакони бигноаҳи Фаластин ва Лубнон, мутобиқ бо ҳақи кишвар дар дифои машруъ аз худ баробари маншури милали муттаҳид, рузи 1 октябр дар амалиёт "ваъдаи содиқи 2" бо садҳо мушаки болистик марокизи амниятӣ, ҷосусӣ ва низомии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд .
Мушакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар амалиёти "ваъдаи содиқи 2" бо рамзи мубораки ё Расулуллоҳ, аҳдофи амниятӣ ва иттилоотии режими саҳюнистиро мавриди исобат қарор доданд ки 90 дарсади шилликҳо бо муваффақият ба аҳдоф исобат карда ва режими саҳюнистӣ аз тасаллути иттилоотӣ ва амалиётии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ваҳшат афтод.
Ин амалиёт бо тасвиби шурои олии амнияти миллӣ ва иблоғи ситоди кули неруҳои мусаллаҳ ва ҳимоят ва пуштибонии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати дифо анҷом шуд .
Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз амалиёти "ваъдаи содиқи 2" бар ин мавзу таъкид карданд, ки ин амалиёт дар посух ба шароратҳои мукаррари режими саҳюнистӣ дар минтақа буда ва Эрон низ ҳамвора амодгӣ дорад дар сурати идомаи буҳронофарӣниҳои саҳюнистҳо ворид амал шавад ва ҳар лаҳзаи неруҳои мусаллаҳи Эрон мутақобилан ва мутаносиб бо рафтори режими саҳюнистӣ ба онҳо посухи мутақобил хоҳанд дод .
Амалиёти "ваъдаи содиқи 2", нишондиҳандаи тавонои низомии Эрон барои барқарории субот дар минтақа ва муқобила бо зиёдахоҳиҳои буҳронофарини ҳамешагии саҳюнистҳо буд ки албата бо ҳимояти комили низомӣ ва молии ғарб анҷом мешавад. Ин амалиёт бар асоси қавонини байналмилалӣ ва модаи 51 маншури Созмони Милал анҷом шуд ки ҳақи дифои муқобили мутаҷовизинро ба ҳар кишварӣ медиҳад .
Мавзуи асосӣ дар истидлоли Эрон, барои посухгуӣ ба режими саҳюнистӣ истинод ба модаи 51 маншури созмони милал муттаҳид буда аст ки ба ҳамаи кишварҳо иҷоза медиҳад барои муқобила ва танбеҳи мутаҷовизи дар чорчуби ҳақи зотии дифои машруъ аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти худ дар муқобили таҳдидот ва ҳамалоти хориҷӣ дифо кунанд ва дифо аз кишвари муқобил ҳамлаи низомӣ ё террористии бахшеи муҳим дар чорчуби ҳуқуқи байналмилал ва қавонини байналмилалӣ шинохта мешавад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи ҷумъа 4 октябр дар иҷтимои азим ва пуршукуҳи мардум дар намози ибодӣ-сиёсии ҷумъаи Теҳрон, иттиҳод ва ҳамбастагии мусулмононро муҷиби бархурдорӣ аз раҳмату иззати илоҳӣ ва пирузӣ бар душманони хонданд ва таъкид карданд: бар асоси аҳкоми дифои ислом, қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ ва қавонини байналмилал, кори дурахшони неруҳои мусаллаҳи Эрон дар муҷозоти режими хуношоми саҳюнистӣ комилан қонунӣ ва машруъ буд ва Ҷумҳурии исломӣ ҳар вазифае дар ин замина эҳсос кунад, бидуни таъаллул ё шитоби задагӣ, бо қудрат ва салобат ва қотеъият анҷом хоҳад дод .
Амалиёти "ваъдаи содиқи 2", роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи субот ва амният дар минтақа аст ки бо иқдомоти танишофарини режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ғарбии онҳо ба шароити буҳронӣ расида аст. Дифо аз мазлумин ва такя бар тавонмандиҳои дохилӣ ҳамчунин паёми муҳими ин амалиёт барои кишварҳои дусти Эрон ва минтақа буд.