Октябр 02, 2023 13:00 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон хабар дод : Кашфи чанд амалиёти интиҳорӣ дар рӯзҳои гузашта
    Вазири иттилооти Эрон хабар дод : Кашфи чанд амалиёти интиҳорӣ дар рӯзҳои гузашта

Вазири иттилооти Эрон аз кашфи амалиётҳои террористии миёни мардум тайи рӯзҳои гузашта хабар дод ва гуфт : Душманон дар бозаи замонӣ сиюм сентябр талош доштанд амалиёти террористӣ анҷом диҳанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои   Хуросон ، ҳуҷҷатул ислом « Сайид Исмоили Хатиб»  вазири иттилооти Эрон дар гирдиҳамои аъзои ҳайатҳои назорати устоне, ки бо унвони ҳамоиш "интихоботи қавӣ ، муназзаму муассир " дар шаҳри Машҳади муқаддас баргузор шуд ، гуфт : Дар рӯзҳои гузашта мардум дар баробари тавтеъаҳо ва  ошӯбгариҳои душманон, ки ба манзури тадовуми ҷанги таркибӣ дар кишвар тарроҳӣ карда буданд ، пирӯз шуданд ки ин муҳим мадюни ҳузури мардуму раҳбариҳои мақоми муаззам Раҳбарӣ аст. Вазорати иттилооти Эрон бо ишора ба бархе аз иттифоқоти ҳаводисе, ки дар як ду моҳи гузашта ба манзури муқобила бо тарроҳиҳои душманон шакл гирифт ، афзуд : Душман дар соли гузаштаи тамоми имконоташро барои эҷоди иҷмоъи ҷаҳонии зидди Ҷумҳурии исломӣ ба кор гирифт ; беш аз 50 сервиси иттилоотӣ дар соли гузашта бо якдигари ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ карданд ، беш аз 200 расона низ ба шакли мустақим мудовим дар ин ҷиҳат фаъол буданду таҳримҳо ва фишорҳои ҳама ҷонибаро низ ташдид карданд. Вазири иттилооти Эрон тасреҳ кард : Душман талош кард бо афзоиши фишорҳову  таҳримҳо дар мавзӯъоти мухталифи як ҳамгароии зидди Эрон эҷод кунад то ошӯбҳову иғтишошҳоро тадовум бибахшад, буҳрони амниятӣ эҷод кунад ва онро то интихобот идома диҳад .