Октябр 12, 2023 10:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Фаластин меҳвар гуфтугуи Раисӣ ва бин Салмон
    Таҳаввулоти Фаластин меҳвар гуфтугуи Раисӣ ва бин Салмон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва валиаҳди Арабистони Саъудӣ дарбора таҳаввулоти Фаластин ва лузуми таваққуфи ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ба сурат телефонӣ гуфтугу карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, Муҳамади Ҷамшедӣ муовини умури сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбешаб дар шабакаи иҷтимои экс аз гуфтугут Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳамади бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саъудӣ дар бора Фаластин ва лузуми таваққуфи ҷиноёти ҷангӣ хабар доду навишт: Дар ин гуфтугу ду тараф зимни таъкид бар ваҳдати ҷаҳони ислом, ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва чароғи сабзи Амрикоро сабаби ноамнии вайронгар барои режим ва ҳомиёнаш донистанд.

Пас аз амалиёти рӯзи шанбе 7 октябр шохаи низомии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" зиди режими ишғолгари исроилӣ мавсум ба Туфони алақсо режими саҳюнистӣ иқдом ба ҳамла ба борӣкаи Ғазза кард ки ин ҳамалот ҳамчунон идома дорад.

Ҳамзамон бо тадовуми ҳамалоти режими ишғолгари Қудс ба борӣкаи Ғазза Вазорати беҳдошти Фаластин дар охирин омор эълом кард ки бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ беш аз як ҳазор нафар шаҳид ва 5 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин дар пайи ҳамалоти мукаррари ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба борӣкаи Ғазза беш аз 13 ҳазор манзили маскунӣ ва 10 маркази дармонии вайрон шуда ва ба 48 мадраса дар ҷараёни ин ҳамалоти осеб ворид шудааст.

Барчасп