Октябр 14, 2023 18:47 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Эъломи «соати сифр» дар ихтиёри муқовимат аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, эъломи соати сифр (ҷанги тамомайёр) барои ҳар гуна иқдоме алайҳи тадовуми ҷинояти ҷангӣ дар ихтиёри муқовимат аст.

Ба гузориши ИРНА, Амирабдуллоҳиён бо таслияти шаҳодати хабарнигорон дар рӯзҳои ахир гуфт, ончӣ аҳаммият дорад таваққуфи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза аст.

Вай афзуд, раҳбарони муқовимат омодагии лозим барои ҳамаи сенарияҳо алайҳи режими саҳюнистиро доранд.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин гуфт, бовуҷӯди ҷиноёти сӯрат гирифта, аммо мардуми муқовимати Ғазза аз тавоноӣ ва рӯҳия болое бархӯрдоранду муқовимат дар ҳамаҷабҳаҳо ҳамаи сенарияҳои мумкинро дар муқобили худ қарор додааст.

Вазири умӯри хориҷаи Эрон хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолона аз муқовимати мардуми Фаластину Лубнон дар муқобили ҳар гуна ҷинояти ҷангӣ дар арсаи сиёсӣ ва расонаӣ ва давлатӣ ҳимоят мекунад.

Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ дар бадтарин вазъияти амниятӣ ва низомӣ қарор дорад.

 

Барчасп