Октябр 17, 2023 13:08 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон вориди Тоҷикистон шуд

Вазири дифои Эрон барои дидор бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон дар сарварии ҳайате вориди шаҳри Душанбе- пойтахти ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс,генерал  Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ-вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мавриди истиқболи Шералӣ Мирзо-вазири дифо, Эмомалӣ Собирзода-муовини аввали вазири дифо ва раиси Ситоди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар мақомоти олирутбаи низомии тоҷик қарор гирифт.

Вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар дидор бо Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои дифоӣ ва чигунагии иҷрои тавофуқҳои марбута гуфтугу ва табодули назар хоҳад кард.
Генерал Оштиёнӣ ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дидор хоҳад кард.
Вазирони дифои Эрону Тоҷикистони моҳи майи гузашта ҳам дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Деҳлии нав, пойтахти Ҳинд бо якдигар дидору гуфтугӯ карда буданд.

 

 

Барчасп