Дидори вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раисиҷумҳӯри Тоҷикистон
(last modified Thu, 19 Oct 2023 05:33:04 GMT )
Октябр 19, 2023 10:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раисиҷумҳӯри Тоҷикистон
    Дидори вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раисиҷумҳӯри Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо Муҳаммадризои Оштиёнӣ вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс,  дар дидори Эмомалӣ раҳмон раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо Муҳаммадризои Оштиёнӣ  вазири дифоъ ва  пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон,  равобити Тоҷикистон ва  Эрон дар бахши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи амниятӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

Тарафайн бар зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар ҷиҳати муқобила бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти ҳар ду кишвар аз тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамчунин иҷрои ҳама ҷонибаи аснодв а  тавофуқоти анҷом шуда дар ин замина ҳимоят карданд.

Пеш аз ин вазири дифоъ ва  пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо шералӣ Мирзоев вазири дифоъи Тоҷикистон дидор ва музокира карда буд.