Чаро иттиҳод бо Теҳрон ба нафъи тамоми ҷаҳони араб аст?
-
Чаро иттиҳод бо Теҳрон ба нафъи тамоми ҷаҳони араб аст?
Порс-Тудей. Вебсайти қатарии “Аларабӣ алҷадид” бо баёни ин ки Эрон ҳамвора дӯсти миллатҳои арабӣ ва ҳомии воқеии Фаластин будааст, таъкид кард, аъроб бояд аз Эрон, ки ба танҳоӣ муқобили истикбор истода, дарси қудрат ва истиқлол бигиранд ва бидонанд, ки иттиҳод бо Теҳрон ба нафъи ҳамаи кишварҳои арабӣ аст.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории “Тасним”, дар идомаи таҳлилҳои маҳофили ибрӣ аз ҷанги дувоздаҳрӯзаи Эрон ва режими саҳюнистӣ ва натоиҷи он, вебсайти қатарии “Аларабӣ Алҷадид” аз даричаи тозае ба ин масъала пардохта ва бо интиқод аз мавозеи режимҳои арабӣ, ки ба таври комил дар баробари ҷиноёти Амрикову Исроил дар минтақа таслим шудаанд, мавзӯи шарофатмандонаву қудратмандонаи Эронро мавриди тамҷид қарор дод, ки матни ин мақола ба шакли зер аст:
Эрон ба танҳоӣ муқобили истикбори саҳюнистҳо дар минтақа истодааст
Имрӯз Эрон сароҳатан худашро ба унвони як муттаҳиди айнии кишварҳои минтақа дар баробари зулму истикбори саҳюнистҳо нишон дода ва дар шароите, ки аъроб чашмонашонро ба рӯи ҷиноёти ишғолгарон бастаанд, Эрон аз Фаластин, ба вижа Ғазза ба шакли амалӣ ҳимоят мекунад. Барои наздик ба чаҳоруним даҳа дастгоҳи таблиғоти расмии бархе аз режимҳои арабӣ ҳамвора саъй доштанд инқилоби исломии Эронро аҳриманӣ ҷилва дода ва ин кишварро ба унвони душмани муштараки миллатҳои арабӣ муаррифӣ кунанд. Чанд режими арабии хос, ҳамвора нақши таҳриккунанда зидди Эрон, низом, фарҳанг ва мардуми он ифо кардаанду иллати ин амр гоҳе ба хотири тарс аз судури инқилоби Эрон ба кишварҳои диктатории арабӣ ва гоҳе ҳам ба далели тарс аз густариши ташайюъ ва бархе авқот ҳам ба баҳонаи тарс аз густариши нуфузи форсҳо дар минтақа будааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон бузургтарин корро барои ҳимоят аз Фаластин анҷом дод
Пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 ҳимоят аз Фаластин аз усули асосии инқилоби исломӣ эълом ва парчами Фаластин дар Теҳрон ба эҳтизоз даромад, аммо дар муқобили ин кори бузурги Эрон барои ҳимоят аз Фаластин, аъроб чӣ кор карданд?
Онҳо тӯлонитарину хушунатомезтарин ҷангро алайҳи Эрон ба роҳ андохтанд, ки тавассути режими диктатории Саддом дар Ироқ ва бо ҳимояти комили Амрико раҳбарӣ мешуд. Амрикое, ки ба дунболи саркӯби инқилоби Эрон буд. Муттаассифона, кишварҳои арабӣ, ки аз судури инқилоби исломии Эрон ба миллатҳои мазлум дар ин кишварҳо метарсиданд, шуруъ ба таъмини буҷети молии ин ҷанги нобаробар зидди Эрон карданд.
Бархе аз аъроб Теҳронро ба хотири истодан дар канори давлати вақти Сурия ба раёсати Башор Асад сарзаниш мекунанд, аммо фаромӯш кардаанд, ки бархе аз режимҳои арабӣ дар ҷараёни буҳрони Сурия, ба ҷанги дохилии ин кишвар, ки тақрибан 13 сол тӯл кашиду тайи он Сурия вайрон шуд, доман заданд ва аз гуруҳҳои мусаллаҳ ҳимоят мекарданд.
Иттиҳод бо Теҳрон ба нафъи ҳамаи аъроб аст
Имрӯз ба нафъи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои арабӣ аст, ки низоми Ҷумҳурии исломии Эронро ба унвони як муттаҳид дар канор худ дошта бошанд, на инки онро табдил ба душман кунанд. Дар бораи касоне ки хусумат бо Эронро бо нуфузи ин кишвар дар минтақа тавҷеҳ мекунанд, онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки ин нуфузи Эрон ба дархости гуруҳҳо ва ҷавомеъе аст, ки бахше аз бофти кишварҳои минтақа ҳастанд ва дар чорчӯби мубориза бо пружаи саҳюнистӣ қарор дорад. Эрон ҳаргиз ба ҳеҷ кишвари арабӣ таҷовуз накардаву хоки ҳеҷ кишвари арабиро тасарруф накардааст, аммо ин корро Исроил ҳамеша анҷом дода ва ҳамчунон анҷом медиҳад. Ҳатто ҷазоири сегонаи Эрон, ки Имороти Арабии Муттаҳида иддаои ҳокимият бар онҳоро дорад, дар соли 1971 ва 8 сол қабл аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон ва дар замони режими Паҳлавӣ, ки дӯсти бархе режимҳои арабӣ ва муттаҳиди сарсахти Амрикову Исроил дар минтақа буд, ба Эрон тааллуқ дошт.
Кишварҳои арабӣ бояд аз Эрон дарси қудрат ва истиқлол бигиранд
Бархе аз режимҳои арабӣ, ки бо Эрон душманӣ мекунанд, бояд аз ин кишвар дарс бигиранд, кишваре, ки қудрати илмӣ ва низомии худашро бо такя ба худаш бино ниҳоду истиқлол дар тасмимгириро ба ҷаҳониён таҳмил кард, ҳатто бо вуҷуди ҳамаи ҷангҳову таҳримҳои сахту ноодилонае, ки аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ алайҳи Эрон эъмол шудааст. Дар тӯли таърих, тамаддуну фарҳанги Эрон бо бисёре аз ашколи фарҳангии арабӣ дарҳам танида шуда ва аз ҳама муҳимтар, ҳамин бас, ки низоми Эрон имрӯз танҳо низом дар ҷаҳон аст, ки канори мардуми Фаластин ҷангида ва танҳо кишвар дар минтақа аст, ки мавзеи қотеъ ва усулии худро муқобили ҳамаи ашколи оддисозӣ бо режими саҳюнистӣ ё ба расмият шинохтани ин режим ҳифз кардааст.
Ҷанге, ки ахиран миёни Амрико ва режими саҳюнистӣ бо Эрон анҷом шуд, чизе ҷуз гувоҳи ин нест, ки вуҷуди як Эрони қавӣ ба заруратии стратегӣ барои аъроб табдил шуда то ба як таодули боздоранда муқобили режими саҳюнистӣ дар минтақа барисанд ва кишварҳои минтақа тавоноии манёвр муқобили анвои боҷхоҳиҳое, ки имрӯз Амрико ва шояд фардо Исроил ба баҳонаи муҳофизат аз манофеашон ва ҳифзи амнияту суботи худ ба аъроб таҳмил мекунандро дошта бошанд.