Октябр 22, 2023 17:01 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҷаҳон шоҳиди ҷинояти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умӯри хориҷаи Африқои Ҷанубӣ таъкид кард, имрӯз ҷаҳон шоҳиди ҷинояти режими апартеид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза аст.

Налди Пандор, вазири умури хориҷаи Африқои Ҷанӯбӣ, ки имрӯз (якшанбе) дар садри ҳайате вориди Теҳрон шуда бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Пас аз ин дидори ду тараф дар нишасти муштараки хабарӣ ҳозир шуданд, ки Амирабдуллоҳиён гуфт, имрӯз илова бар мавзуоти дуҷониба дар хусӯси масоилу таҳаввулоти Ғазза ҳам гуфтугӯ кардем ва аз мавозеъи Африқои Ҷанубӣ дар дифо аз мардуми Фаластину мубориза бо апартеид режими саҳюнистӣ ташаккур мекунем.

Ба гузориши ИРНА, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст гуфт, ба даъвати раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ сафари Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Африқои Ҷанубиро хоҳем дошт ва дар ин сафар охирин асноди тафоҳум шуда миёни дастгоҳҳои ду тараф ба имзои руасои ҷумҳур мерасад.

 

Барчасп