Арзёбии мусбати хабаргузории ТАСС аз нишасти 3 + 3 дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i108388-Арзёбии_мусбати_хабаргузории_ТАСС_аз_нишасти_3_3_дар_Теҳрон
Як расонаи русӣ нишасти 3 + 3 - ро ба мизбонии Теҳрон ва бо дастури кори масоили Қафқоз мусбат арзёбӣ кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 23, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Нишасти 3 + 3 дар Теҳрон
    Нишасти 3 + 3 дар Теҳрон

Як расонаи русӣ нишасти 3 + 3 - ро ба мизбонии Теҳрон ва бо дастури кори масоили Қафқоз мусбат арзёбӣ кард.

Нишасти 3 + 3 бо ҳузури се кишвари Қафқози Ҷанубӣ (Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон) ва ҳамчунин се ҳамсояи наздики ин минтақа (Русия, Эрон ва Туркия) имрӯз душанбе, 23 октябр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи ИРНА, хабаргузории русии ТАС бо интишори гузорише нишасти 3 + 3 - ро дар Теҳрон як гом ба пеш барои ҳалли масоили Қафқоз донист.