Октябр 25, 2023 19:20 Asia/Dushanbe
  • Ёсини Хусравӣ дар вазна бо партобе ба тӯли 16 метр медали тилло ва унвони қаҳрамониро касб кард
    Ёсини Хусравӣ дар вазна бо партобе ба тӯли 16 метр медали тилло ва унвони қаҳрамониро касб кард

Миллипӯши парадав ва майдонии Эрон медали тиллои партоби вазнаи ин ришта дар чаҳорумин давраи бозиҳои параосёиро ба худ ихтисос дод.

Рақобатҳои даввамайдонии чаҳорумин давраи бозиҳои параосиёӣ, ки аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳангжоуи Чин оғоз шудааст, бо рақобати партобгарони вазна идома пайдо кард.

Дар финали ин модда, ки дар класси F57 баргузор шуд, Ёсини Хусравӣ ба рақобат бо ҳарифони худ пардохт ва бо партобе ба тӯли 16 метр зимни касби медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ, рекорди бозиҳои параосиёиро низ шикаст.

Хабари дигар ин ки дар сеюмин рӯз аз бозиҳои осиёии Ҳангжоу Алиризо Бахт, миллипӯши вазни манфии 80 килограми паратаеквандо бо шикаст муқобили ҳарифи кореяӣ ба медали нуқраи бозиҳои параосёии Ҳангжоу расид.

Ин сеюмин медали нуқраи паратаеквандокорони Эрон дар бозиҳои параосиёӣ аст.

Рӯзи гузашта (сешанбе) ва дар дуюмин рӯзи бозиҳои параосиёии 2022 Ҳангжоу варзишкорони Эрон дар маҷмуъ бо касби 47 медал (16 медали тилло, 19 медали нуқра ва 12 медали бронз) баъд аз Чин дар рутбаи дувуми ҷадвали медалҳо қарор гирифтаанд.

Корвони Эрон бо 211 варзишкор дар 16 риштаи варзишӣ дар бахши мардон ва ёздаҳ риштаи варзишӣ дар бахши занон дар ин бозиҳо ширкат кардааст.

Чаҳорумин давраи бозиҳои параосиёии 2022 аз 22 то 28 октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад.